Санаи 02 марти соли 2023 дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон ҷиҳати иштирок
дар конфронси IV-уми муштараки байналмилалии сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва ҳадафҳои рушди устувор намояндагони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо намояндагони Донишгоҳи илмҳо ва тиҷорати Мисри араб, Коллеҷи технологии шаҳри Ҳайдаробод, Коллеҷи меҳмондорӣ ва менеҷменти Ҳайдаробод вохӯри намуданд. Дар рафти вохӯри ҷонибҳо тамоми самтҳои ҳамкориҳои ояндаро матраҳ намуда, барои бастани созишномаҳои ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.