«Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо ба азму ирода, масъулиятшиносии занон ҳамчун нерўи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Ба ин хотир мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем»
        Эмомалӣ Раҳмон
    Санаи 07.03.2023 дар толори фарҳангии муассисаи давлатии таълимии              Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ба ифтихори “Рӯзи модар” чорабинии фарҳангии тантанавӣ ташкил ва баргузор гардид. Чорабиниро директори Коллеҷ Рабизода Наҷибулло ифтитоҳ намуда, дар баробари табрикот ва таманниёташон аз мақому манзалати хосаи занон ва бонувон дар сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.
Ҳамзамон қайд намуданд, ки таърихи башар собит намудааст, ки ҷомеа ҳамеша ва дар ҳамаи давру замон ба нақши муборизи зан ва саҳми он дар рушду такомули тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими рӯзгор ниёз дорад. Имрӯз дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷойгоҳ ва мақоми зан боз ҳам густурдатар гардида, имконияти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон фароҳам оварда шудааст.
     Директори Коллеҷ бо ифтихор қайд намуданд, ки айни замон зиёда 50 фоиз кормандони муассисаи таълимиро занон-бонувон ва 60 фоизи донишҷӯёнро духтарон ташкил медиҳанд.
     Дастаи фарҳангии коллеҷ бо барномаи рангини омоданамудаашон, ки суруд ва рақсҳои дилнишинро дар бар мегирифт хотири иштирокчиёнро болида гардониданд. Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти муассиса ба як қатор донишҷӯёни фаъол ба ифтихори Рӯзи модар “Сипоснома”-и муассисаи таълимӣ ва ба кулли кормандону, омӯзгоронзанон тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Leave a Comment