Санаи 18.03.2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои муассисаи давлатии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.
   Қаблан директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе номзади илмҳои техникӣ муҳтарам, Рабизода Наҷибулло зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро бо муносибати фарорасии баҳори нозан ва Наврӯзи аҷам самимона муборакбод намуданд.
   Инчунин қайд намуданд, ки таҷлили Наврӯз аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад.
    Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз маҳсуб ёфта, Наврӯзи даврони истиқлол паёмовари рӯзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост ва боиси хушнудист, ки ин ҷашни бузургро имрӯз дар аксар кишварҳои дунё низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.
    Бо саъю кӯшиш ва тадбирҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни аҷдодии тоҷикон Наврӯз аз нав эҳё гардид ва ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ эътироф гардид.
  Акнун Наврӯз ба иди байналмилалӣ табдил гашта, вирди забон ва шодкомиҳои мардуми ҷаҳон гаштааст.
    Сипас директори Коллеҷ ҳамроҳ бо сардорони воҳидҳои сохтории Коллеҷ аз хони оростаи сохторҳои муассиса боздид намуда, ба омрдагии кормандону донишҷӯён ба оростани дастархони Наврӯзии онҳо баҳои баланд доданд.
   Инчунин донишҷӯёни муассисаи таълимӣ бо шеъру таронаҳо дар васфи Наврӯзи байналмилалӣ, рақсу саҳнача, қироати рубоию дубайтӣ ва хондани бадеҳаю сурудҳо табъи хозиринро болида гардониданд.
   Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе як қатор кормандону омӯзгорон, донишҷӯён барои заҳматҳои шоëн дар таълиму тарбияи насли наврас, иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо нишони Аълочии маориф ва илм, Ифтихорномаю Сипосномаҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва Бонкии Тоҷикистон, сипоснома ва ифтихорономаи муассиа ва туҳфаҳои хотиравии муассиса қадрдонӣ карда шуданд.
   Ҳамзамон дар пайи сиëсатҳои хирадмандонаю падарона ва ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишҷӯëни ятими кулл ва маъюб туҳфаҳои хотиравии муассисаи таълимӣ тақдим карда шуд.

Leave a Comment