Санаи 29.03.2023 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо мақсади мавриди омӯзиш қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар толори асосии муассиса вохӯрии судманд ташкил ва баргузор карда шуд.
      Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Усмонов Маҳмадмурод, роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.
Вохӯриро директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло ифтитоҳ намуда, ташрифи меҳмононро ба муассисаи таълимӣ хайрамақдам намуда баргузории чунин вохӯриро марбут ба тақвият додани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ҳарбию ватандустӣ, тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ басо бамаврид ҳисобиданд.
    Ҳамзамон роҳбари муассиса зикр намуданд, ки бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”дар муассисаи таълимӣ Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида раванди иҷроиши он пурра зери назорати роҳбарияти муассиса қарор дорад.
      Сипас риштаи сухан ба Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дода шуда зимни суханронии хеш қайд намуданд, ки таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» шаҳодати он аст, ки Ҳукумати мамалакат баланд бардоштани фарҳанги ватандӯстии шаҳрвандонро нодида нагирифта, дар ин самт тамоми чораҳои лозимаро хоҳад андешид.
    Муҳтавои асосии Қонуни мазкур дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида маҳсуб меёбад.
    Бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 аз санаи 20 то 25-уми марти соли ҷорӣ бо забони ноби модарии мо – забони тоҷикӣ суханрони намуда, ба ҷаҳониён оиди оби ошомидани ва зарурияти поку покиза ва сарфакорона истифода бурдани он ҳамчун асоси ҳаёти инсон суханронӣ намуданд.
      Пешвои миллат дар баромади худ иброз доштанд, ки бо тағйирёбии иқлим ва зиёдшавии аҳолии сайёра талабот ба оби тоза сол то сол меафзояд. Бинобар ин аз давлатҳои узви СММ таклифу пешниҳод намуданд, ки дар ин самт баҳри ҳифзи пиряхҳо саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки конфронси навбатии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, соли 2028 дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад.
    Муҳтарам Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло дар баромадашон қайд намуданд, ки, боиси ифтихор аст, ки ҳамасола аксар ҷавонони мамлакат бо ифтихор ва ҳувияти баланди миллӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои хизмати Модар-Ватан рафта, сарбаландона марзу буми Тоҷикистонро аз хатару таҳдид ҳимоя менамоянд. Дар баробари ин ҷавононе ёфт мешаванд, ки аз хизмат кардан дар сафи Артиши миллӣ худдорӣ намуда, бо пеш овардани ҳар гуна баҳона аз хизмат саркашӣ мекунанд. Моро мебояд, ки Ватани хешро ҳифзу ҳимоя намоем. Чунки вазифа ва қарзи мо шаҳрвандони ин сарзамин аст.
     Дар фарҷоми вохӯрӣ пас аз музокираҳо роҳбарияти муассиса дар баромадаш аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар ҳифзу ҳимояи Ватан-Модар нангу номус намуда баҳри пойдорӣ Истиқлолияти давлатӣ ва гулгулшукуфон намудани Тоҷикистони азиз бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда фаъолнокӣ ва саҳми худро гузоранд.

Leave a Comment