Санаи 31.03.2023 дар толори Шӯрои олимони муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳадисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳо Коллеҷ ҷиҳати амалӣ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030 марҳилаи якуми солҳои 2021-2025” (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.08.2021, №222), мизи мудаввар зери унвони “Коррупсия -зуҳуроти номатлуб” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ корманди Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники Адлия Раҳимзода Шералӣ Амирхон, роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.
       Чорабиниро ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Садиров Фаёзиддин Раҳимович оғоз намуда, қудуми меҳмонро ба муассиса хайру мақдам гуфта, ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳоро дар муассиса муасир арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон устод Садиров Ф.Р. қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи паёмҳояшон аз хатарҳои коррупсия, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрўи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, ба таври ҷиддӣ истода мегузаранд ва дар ин замина дар муассисаи таълимӣ бо мақсади амалӣ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030 марҳилаи якуми солҳои 2021-2025” Нақшаи чорабиниҳо иборат аз 12 банд таҳия ва тасдиқ гардидааст.
     Корманди Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники Адлия Раҳимзода Шералӣ Амирхон ба сухан баромада қайд намуданд, ки шурӯъ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таҳия ва тавсиб расонидани барнома ва стратегияҳо доир ба муқовимат ба коррупссия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан дар ин ҷода маҳсуб меёбад ва иштирокчиёни чорабиниро муваззаф намуданд, ки дар роҳи таблиғу ташвиқи зиддикорупсионӣ бетараф набошанд. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030 марҳилаи якуми солҳои 2021-2025” ин баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
      Корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Раҳимзода Шералӣ Амирхон зимни суханрониҳояшон зикр намуданд, ки муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, мақомоти давлатӣ дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонанд ба паст кардани шиддати он мусоидат намоянд.
      Дар ин раванд роҳбарият ва иштирокчиёни чорабиниро муваззаф намуданд, ки дар роҳи тарғиботу ташвиқоти зиддикорупсионӣ иштироки фаъол намоянд аз ҷумлаи навиштани мақола оиди пешгирии амалҳои хусусияти коррупсионидошта дар матбуоти даврӣ ва хусусию соҳавӣ, гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва иштирок дар барномаҳои телевизиониву радиоӣ фаъол бошанд.
   Дар фарҷоми чорабинӣ байни иштирокчиён саволу ҷавоб ба миён омада ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Leave a Comment