Зери ҳамин унвон санаи 03.04.2023 дар толори Шӯрои олимони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба эълон намудани соли 2025-ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21-уми март ҳамчун рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид, ташкил ва баргузор гардид.
Дар кори конференсия меҳмонон коршиносони соҳа, мутахассисон, роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.
Конференсияро ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Садиров Фаёзиддин Раҳимович ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ карда,
ҳузури меҳмононро дар кори конференсия хайрамақдам намуданд.
Ҳамзамон қайд намуданд, ки боиси ифтихор аст, ки тайи зиёда аз ду даҳсола аст, ки ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдори ва қабул мегарданд, ки нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд.
Дар ин қисамти конференсия муовини директори муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” Насруллоев Фарҳод Хуҷаевич, доктор PhD дар мавзӯи “Тоҷикистон пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон”, Дотсенти кафедраи метереология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои география Муминов Абдуқосим дар мавзӯи “Пешвои миллат ва ҳифзи пиряхҳо”, Мудири кафедраи методикаи таълми истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарӣ Гулмирзоева Савибегим дар мавзӯи “Майдони муколама барои ҳалли масоили ҳадафҳои рушди устувор”, Мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ Фаррухи Набӣ дар мавзӯи “Об муъҷизаи нотакрори табиат”, Омӯзгори кафедраи методикаи таълми истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарӣ Қурбонов Файзулло дар мавзӯи “Пешвои миллат ва иқдомоти сатҳи ҷаҳонӣ”, иштирок ва баромад намуданд.
Дар ҷаласаи бахшҳо олимон ва муҳаққиқон, унвонҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷ оид ба масъалаҳои гуногун вобаста ба масоили об суҳбати илмӣ оростанд.