Санаи 18.05.2023 дар толори Шӯрои олимони муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ бахшида ба 23-юми май “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” бо ташаббуси кафедраи “Технологияи иттилоотӣ ва дизайн” ва кафедраи “Филология” мизи мудаввар зери унвони “Ҷавонон, бунёдкор созанда ва ояндаи миллатанд” ташкил ва баргузор карда шуд.
    Дар чорабинӣ роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд. Чорабиниро мудири кафедраи “Технологияи иттилоотӣ ва дизайн” Файзов Ҳамзаалӣ ифтитоҳ намуда қайд карданд, ки ҳар як ҷавони саодатмандро мебояд сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати- миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайравӣ намуда, аз ғамхорӣ ва иқдомҳои пешбаранда ва созандаи Пешвои миллат дар самти фаъолияти ояндаи дурахшони ҷавонони Тоҷикистон шукргузорӣ намуда, босамар истифода барад. Омӯзгорони Коллеҷ зимни ироаи маърӯзаҳои судманди хеш аз дастовардҳои ҷавонони зодаи соҳибистиқлолии кишвар ва фаъолияти босамари онҳо дар тамоми самтҳои пешбарандаи ҷомеа ёдрасӣ намуданд.
     Қобили зикр аст, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” раванди баргузории чорабиниҳои ҷанбаи мухталифдошта идома доранд.

Leave a Comment