Таҳти ин унвон санаи 24.11.2023 дар саҳни муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба яке аз муқаддасоти миллии кишвар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии васеи тантанавӣ-фаҳангӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
   Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса фаъолона иштирок намуданд. Ҷилои Парчами давлатӣ дар дасти донишҷӯён, либоси ба барнамудаии донишҷӯён, ки инъикоскунанда ин муқаддасоти миллии кишвар маҳсуб меёфтанд ва садо додани суруди “Парчами нагну номи” аз ҳисси баланди ватандӯстии коллективи меҳнатӣ ва донишҷӯёни муассиса шаҳодат медод. Чорабиниро директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ин ҷашни фархундаи миллати тоҷик табрик намуданд. Роҳбари муассиса қайд намуданд, ки Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як фарди ватандӯсти тоҷик аст. Расидан ба қадри сулҳ, ваҳдат, истиқлолияту озодӣ, дӯст доштани муқадасоти миллӣ, саъю талош барои пешрафту ободии Ватан, қарзи имонӣ ва вазифаи инсонии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Пас ҳар якми моро мебояд арзишҳои миллӣ ва муқадасоти ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
     Чорабинӣ дар шакли Озмун байни факултетҳои дар Коллеҷ амалкунанда дар доираи Низомнома ташкил ва баргузор карда шуд. Озмун чунин шартҳоро дар бар мегирифт; саломномаи дастаҳо,суруд дар васфи Парчами миллӣ бо овози зинда,тақлидкорӣ, тарзи омода намудани хӯриш бо инъикоси рамзи Парчами миллӣ, рақси гурӯҳӣ, намоиши ширинӣ бо инъикоси рамзи Парчами миллӣ, хондани суруди бадеҳа, намоиши либосҳои миллӣ ва тасвири Парчами миллӣ дар матоъ. Донишҷӯёни дастаҳо шартҳои озмунро сарбаландона ва бо як масъулияти баланд иҷро намуданд.
Ҳадаф ва баргузори Озмун ин баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, тақвият додани робитаҳои дӯстӣ ва дарёфти истеъдодҳои баланди фарҳангӣ аз байни таълимгирандагони муассиса маҳсуб меёфт.
    Дар қисмати ҷамъбастии Озмун тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон барои ишғоли ҷойи якум бо гирифтани 119 хол ба дастаи “Муҳандис”-и факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ ва барои ишғоли ҷойи дуюм бо гирифтани 114 хол ба дастаи факултети “Технология ва иқтисодиёт” аз ҷониби роҳбарияти муассиса “Ифтихорнома” ва бо мақсади қадрдонӣ ба як қатор кормандон ва донишҷӯёни пурмасъули муассиса “Сипоснома”-и Коллеҷ тақдим карда шуд. Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи талимӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.

Leave a Comment