Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” бахшида ба 87-умин солгарди “Рӯзи энергетикҳо” мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди энергетика омили асосии саноатикунонии кишвар” баргузор гардид.
    Дар мизи мудаввар меҳмонон, мутахассисони соҳа, донишҷӯёни самти энергетикаи муассиса иштирок намуданд.
    Ҷонишини директор оид ба тарбия Файзуллоева Дилрабо ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида тамоми омӯзгорону кормандони соҳаи энергетикаро бо Рӯзи иди касбиашон самимона табрику шодбош намуда, баъдан доир ба рушди босуръати соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт суханрони намуданд.
    Сипас аз ҷониби Сафаров А.Ғ. -д.и.т дар мавзӯи “Самаранок истифодаи технологияи нав дар системаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Нуров Н.Р.-н.и.т. дар мавзӯи “Хосиятҳои электрикии ноқилҳо дар асоси хӯлаҳои алюминий”, Муминова С.Т.-И.в. мудири кафедраи энергетика ва нақлиёти автомобилӣ дар мавзӯи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди энергетикаи мамлакат”, Камолов Ф.О.-омӯзгори кафедраи энергетика ва нақлиёти автомобилӣ дар мавзӯи “Талафоти ҷараёни барқ. Пайдоиш ва усулҳои бартараф кардани он”, Раҳимов А.А.-омӯзгори кафедраи энергетика ва нақлиёти автомобилӣ дар мавзӯи “Омилҳои самаранок истифода бурдани нерӯи барқ”, Қурбонова Н.Ҷ.-омӯзгори кафедраи энергетика ва нақлиёти автомобилӣ дар мавзӯи “НБО Роғун иншооти аср” маърӯзаҳо пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
     Дар доираи бандҳои нақшаи чорабиниҳо аксия оид ба риояи техникаи бехатарӣ аз ҷониби омӯзгорони тахасусӣ ва масъули (электрикӣ) муассиса бо ҳамҳороҳии донишҷӯёни ихтисоси Таъмини барқ ва Истифодабарии таҷҳизоти нерӯгоҳҳо ва нерӯгоҳҳои хурди барқии муассиса дар самти таъмиру азнавбарқароркунии таҷҳизотҳои барқӣ аз ҷумла иваз намудани фурӯзонакҳо ва васлакҳои электиркӣ корҳои амалӣ гузаронида шуд, ки донишҷӯён бо маҳорати баланд тавонистанд аз ӯҳдаи ин корҳо бароянд ва дар ҷойҳои намоёни муассисаи таълимӣ аз ҷумла дар роҳравҳо хобгоҳи донишҷӯён утоқҳои кории кормандон ва синфхонаҳо шиору овезаҳо оид ба риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми истифодаи нерӯи барқ насб карда шуданд.
     Дар ҷамъбасти чорабинӣ меҳмонон, омӯзгорон ва як қатор донишҷӯёни фаъол бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”-и муассиса қадрдонӣ гардиданд.

Leave a Comment