Зери ин унвон санаи 25-уми декабр дар толори Шӯрои олимони муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳои корҳои тарбиявии Коллеҷ ҳамоишми илмӣ ташкил ва баргузрор карда шуд.
  Дар ҳамоиш профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таълими бехатарии ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии криминалогия ва психологияи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Аҳёзода Шоҳрух Таваккал, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Анварзода, муовини директори Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқназар Мумин, директори муассисаи давлатии Маркази ҳуқуқшиносии занон дар шаҳри Душанбе Саломзода Манзура Ғулом, роҳбарият, кормандон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.
    Чорабиниро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна оғоз карда, ба меҳмонон ҷиҳати ташрифашон лутфан изҳори миннатдорӣ намуда, ҳадафи ташкил ва баргузории чорабиниро дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвият додани эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва амалӣ намудани тамоми Қонун, Барнома ва Стратегияҳо марбут ба самти ҷавонон арзёбӣ намуданд. Муаллима Файзуллоева зимни суханрониҳои хеш қайд намуданд, ки дар муассисаи таълимӣ ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2023”, «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025», Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, раванди иҷроиши онҳо зери назорати ҷиддии роҳбарияти муассиса қарор доранд.
     Сипас профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таълими бехатарии ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир ба сухан баромада, дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ” маърӯза намуданд. Сафарзода Ҳаёт Сайдамир қайд намуданд, ки имрӯз таҳдиди махсусро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризми технологӣ мерасонад, ки зоҳири он истифодаи яроқи ҳастаӣ, химиявӣ, бактериологӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва заҳрнок, инчунин таҳдиди ғасб шудани иншоотҳои ҳастаӣ ва ғайра, ки имконияти баланди хатар ба ҳаёти инсоният доранд, маҳсуб меёбанд. Мавсуф ба донишҷӯён таъкид намуданд, ки аз шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дар чунин як вазъияти ноороми ҷаҳонӣ зиракии сиёсиро аз даст надодан ва ҳифзи марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамеша омода бошанд.
     Барои мубориза бурдан ва пешгирӣ ин вабо аз муҳити хона саркарда, ҷамъият мактаб ҳама якҷоя дар партави сиёсати сулҳҷўёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шиори худ қарор дода, дар пешравии Ватани маҳбубу азизамон бе тараф набошем. Котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Анварзода дар мавзӯи “Усулҳои таблиғи ифродгароӣ дар фазои иттилоотӣ ва хатари он барои давлатдории миллӣ” маърӯза намуда қайд карданд, ки терроризми муосир бо сохторҳои ҷиноятӣ ва тиҷоратӣ ҷиноятӣ ҳамкориро ривоҷ дода истодаанд, ки онҳо дар навбати худ амалҳои ҷиноятии худро бо ҳалли масоили ҷамъиятӣ ё миллӣ мепӯшонанд. Омили муҳим ва хатаровари терроризми муосир, ин сатҳи баланди ҷалб шудани одамон ба гуррўҳҳои ифротӣ мебошад, ки зери ғояи гурўҳи муайян, ҳангоми амалҳои террористӣ ҷаёранд ҷони худро аз даст диҳанд. Терроризми муосир ҳамаи меъёрҳои ахлоқӣ ва маънавиро аз назар дур кардааст. Амалиётҳои террористӣ хислати умумиро касб намудаанд, яъне ҷойҳои ҷамъиятиро зери ҳамла қарор медиҳанд, ки шумораи бисёри одамон ҳалок мешаванд ва ба сиёсат дахл доштан ё надоштани онҳо муҳим нест. Мақсади асосии онҳо бештар расонидани зарар ва дар ҷамъият ҳолати тарс ва воҳимаро нигоҳ доштан мебошад. Пас ҷавононро мебояд дар истифодаи бомавриди телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша пурмасъул буда, онро баманфиати худ ва сиёсати давлату ҳукумат истифода баранд. Баъдан муовини директори Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқназар Мумин дар мавзӯи “Омилҳои ҷавсшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ” маърӯза намуда, ба иштирокчиёни чорабини оиди сабабҳои ҳармроҳшавӣ ба гурӯҳҳои радикалӣ назарсанҷӣ намуданд. Директори муассисаи давлатии Маркази ҳуқуқшиносии занон дар шаҳри Душанбе Саломзода Манзура Ғулом дар мавзӯи “Муқовимат ба савдои одамон: мушкилот ва дурнамо” суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон танзим менамояд. Қонуни мазкур ба таъсис додан ва баланд бардоштани самаранокии системаи муқовимат ба савдои одамон тавассути муайян кардани асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур, муқаррар намудани принсипҳои умумии ҷавобгарии ҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ дар самти савдои одамон, муқаррар кардани мақоми ҳуқуқии қурбониёни савдои одамон, кафолатҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва шаклҳои ҳимояю дастгирии онҳо, батанзимдарории қонунии ваколатҳои субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон, асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҳамкории байни онҳо, инчунин бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудааст. Ҳуқуқшиноси муассиса Абдуллоев Исфандиёр Нодирхонович дар мавзӯи “Хатари тафаккури ифротгароӣ ба давлатдории миллӣ ба ҷаҳони имрӯза” маърӯзаи судмани хешро ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расониданд. Дар қисмати фарҷоми чорабинӣ бо мақсади эҳтиром ва қадронӣ ба меҳмонон аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таълимӣ “Сипоснома”—и муассиса тақдим карда шуд. Чорабинӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.

Leave a Comment