Санаи 27-уми декабри соли 2023 дар толори асосии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо иштироки аъзоёни Шӯрои олимон, омӯзгорон ва кормандони муассисаи таълимӣ бо мақсади шунидани ҳисоботи директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло “Дар бораи фаъолияти Коллеҷ дар соли 2023 ва вазифагузориҳо барои соли 2024”, ҷаласаи васеъ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар оғози ҷаласа директори Коллеҷ Рабизода Наҷибулло аҳли иштирокчиёни ҷаласаро ба муносибати фарорасии ҷашни Соли нави мелодӣ шодбош гуфта, ба ҳамагон саломатӣ ва дар кору фаъолияташон барору комёбиҳо таманно намуданд.
    Дар ин росто роҳбари муассиса ба ҳайати омӯзгорону кормандон барои хизматҳои содиқона ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлату ҳукумат, хосатан дар самти маорифи кишвар изҳори минадорӣ намуданд.
   Ҳайати дотсентон, омӯзгорон, кормандони ва донишҷӯёни Коллеҷ дар соли 2023 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ марбут ба соҳа аз тарафи маъмурияти Коллеҷ Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, шахсони масъул вобаста карда шуда, раванди иҷрои онҳо таъмин гардиданд.
    Баъдан директори Коллеҷ дар рафти ироаи ҳисоботӣ хеш боифтихор аз муваффақиятҳои пай дар пайи ноилгардидаи Коллеҷ дар соли 2023 ёдрасӣ намуда қайд намуданд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №703 “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тасдиқ карда шудааст, ки ҷиҳати амалишавии Барномаи мазкур ва дастуру супоришҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.01.2023, №11.1/222 дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Дар Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир, ки дар назди Коллеҷ фаъолият менамояд дар давоми соли ҳисоботӣ 370 нафар шунавандагон курсҳои кӯтоҳмуддатро аз рӯи касбҳои “Ошпаз -Қаннод, “Дӯзандагӣ”, “Асосҳои омӯзиши компютер “, “Роҳбалад” хатм намуданд.
    Дар соли 2023, 12 нафар кормандону омӯзгорони муассисаи таълимӣ бо мукофотҳои давлатии соҳавии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд, аз ин шумора 4 –нафар Аълочии маориф ва 8- нафарашон сазовори Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардонида шудаанд. Ҳамзамон 1 нафар бо “Ифтихорнома” -и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома” -и Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 10 нафар бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома” -и Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ ва бонкии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
     Дар доираи талаботи «Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» , ки (Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017, №262 тасдиқ шудааст) , 52 нафар хатмкардагонӣ Коллеҷ бо ҷои кор таъмин карда шуданд.
   Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо зиёда аз 10 муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкориҳои судмандро аз ҷумла, бо Донишгоҳи туризм ва идоракунии меҳмонпазироии шаҳри Ҳайдарободи кишвари Ҳиндустон, Коллеҷи технологии Чайтан Бхаратии иёлоти Телеганаи Ҳиндӯстон, Донишгоҳи Алихан Бокейхони шаҳри Семейи Ҷумҳурии Қазоқистон, Коллеҷи гуманитарии шаҳри Петропавловски Қазоқистон, Донишкадаи Ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Беларус, Муассисаи давлатии таълимии федералии буҷавии, “Колледжи иҷтимоӣ-педагогии ш.Толяттӣ”, Коллеҷи сохтмонии шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия, Муассисаи таълимии касбии худмухтори вилояти Самараи Федератсияи Руссия ба роҳ мондааст.
     Дар баробари дигар муваффақиятҳо директори Коллеҷ зикр намуданд, ки се нафар донишҷӯёни Коллеҷ Зикрзода Салмон Аслиддин, Саидҳусейнов Абуалӣ Сафармуродович ва Абдурашиди Мирзомурод дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сайёҳии кӯҳӣ дар ҷумҳурии Марий Эли Федератсияи Россия фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва дипломи сатҳи байналмилалӣ гардиданд.
    Таврибаомўзӣ ҳамчун ҷузъи муҳими иҷро намудани талаботи нақшаи таълимӣ аз рўйи самт (ё ихтисос)- ҳои амалкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар карда шуда, бевосита дар давоми соли таҳсил ташкил ва гузаронида мешавад.
    Бо мақсади пурзур намудани самти мазкур шартномаҳои ҳамкорӣ барои ҳамкории дуҷониба ва гузаронидани таҷрибаомўзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ, омўзгорӣ, технологӣ ва пешаздипломӣ мусоидат менамояд, ки Коллеҷ бо зиёда аз 40 адад муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои саноатию истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Роҳбари муассиса зимни ироаи ҳисоботи хеш бо мақсади тақвият додани фаъолияти тамоми самтҳои пешбарандаи муассиса ҳаллӣ масъалаҳои зерин аз ҷумла, ҷоннок намудани ҳамкориро бо Шӯрои ҳамоҳангсозии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои илмӣ, ҷалб намудани олимони ҷавон, аспирантон ва донишҷӯёни лаёқатманд ба конференсияҳо, озмунҳо ва олимпиадаҳо, фаъол намудани кори шуъба ва кафедраҳо ҷиҳати дарёфти грантҳо бо мақсади ба даст овардани маблағҳои иловагӣ барои рушди муассисаи таълимӣ, ҷалб намудани омӯзгорон ба корҳои илмӣ – татқиқотӣ, ташкили семинаҳои илмии муштараки байналмилалӣ, табодули академии донишҷӯён дар хориҷи кишвар, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон дар дохил ва хориҷи кишвар, таъмин намдуни донишҷӯён бо маводҳои зарурии дарсӣ, роҳҳои ҷалби устодони собиқадору соҳибқалам барои таълифи китобҳои дарсӣ, востаҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ, риояи итнизоми меҳнат, ҷалб намудани омӯзгорони ботаҷрибаву дорои дараҷа ва унвонӣ илмӣ дошта, зиёд намудани ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” вазифагузорӣ намуданд.
    Роҳбари муассиса ҳар як корманд ва омӯзгорро муваззаф намуданд, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият додани таълиму тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, пешгирии онҳо аз роҳҳои шомилшудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, даст назадан ба амалҳои характери коррупсионӣ ва ҷиноидошта ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ҳамеша саҳми назарраси хешро гузоранд.
     Дар фарҷоми ҷаласаи ҳисобтотӣ аз ҷониби роҳбарияти Коллеҷ як қатор кормандон ва омӯзгорон ҷиҳати фаъолияти босамарашон дар соли 2023 бо “Сипоснома” ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.
    Ҳамзамон роҳбари муассиса бо мақсади пайравӣ намудан ба иқдомҳои ғамхорона ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дастгирии қишри осебнопазири ҷомеа маъюбон, ятимон ва ниёзмандон ба донишҷӯёни ниёзманди муассиса тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.
      Ҳайати коллективи муассисаи таълимӣ ҳисоботи роҳбари муассисаро дар соли 2023 қаноатбахш ҳисобида, дастаҷамъона ба овоз монданд, ки дар соли 2024 тамоми камбудиҳои ҷузъии дар муассиса мавҷударо бартараф намуда, фаъолияти хешро дар пешбурди тамоми самтҳои пешбарандаи он дучанд тақвият хоҳанд дод.

Leave a Comment