Санаи 05.01.2024 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Паём ва манфиатҳои миллӣ” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ҳамоиш муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Назарзода Манучеҳр, сармутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холова Зарина Хуҷаназаровна, муовини сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёд Қодирзода, декани факултети сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Гадоев Ҳасан Сафаралиевич, роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷ иштирок намуданд. Ба кори ҳамоиш ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷ Садиров Фаёзиддин Раҳимович оғоз бахшида, пас аз изҳори минатдорӣ ҷиҳати ташрифи меҳмонон ба таълимгоҳ ҳадафи баргузории ин чорабиниро шарҳу тавзеҳ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз Паёмашон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
    Мавсуф қайд намуданд, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар муассисаи таълимӣ Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, раванди иҷрои он аз ҷониби масъулин давра ба давра ба роҳ монда шудааст. Сипас муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Назарзода Манучеҳр дар мавзӯи “Ҷавонон – Паём ва манфиатҳои миллӣ” маърӯза намуда қайд карданд, ки Пешвои миллат ҳамасола дар Паёмҳояшон ба самти фаъолияти ҷавонон назари хосса намуда, аз комёбиҳои онҳо бо ифтихор сухан меронанд. Аз ҷумла санаи 28.12.2023 Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон қайд намуданд, ки “Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд. Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд”. Назарзода Манучеҳр дар фаҷоми ироаи маърӯзи худ ҷавононро муваззаф намуданд, ки сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.
   Сармутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холова Зарина Хуҷаназаровна дар мавзӯи “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот” маърӯза намуда, аз суханҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат аз Паёми навбатӣ бо эҳтироом иқтибос оварданд “Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.
   Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.
   Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”. Зарина Холова бори дигар дастури Пешвои миллатро ба самъи иштирокчиёни ҳамоиш расониданд. “Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”.
    Муовини сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёд Қодирзода оиди мавзӯи “Соҳаи сайёҳӣ – омили баланд бардоштани имиҷи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ” маърӯза намуда, аз дастовардҳи ин соҳа чанде мисол оварданд. Сайёд Қодирзода зимни баромадашон қайд намуданд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон оиди самти сайёҳӣ чунин нуқтаро дарҷ намуданд: “Дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.
    Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст. Вале таъкид менамоям, ки имкониятҳои барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд”. Яъне бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои некбинонаи Пешвои миллат дар ин самт Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба нақша гирифтааст, ки дар амалигардидани онҳо ҳар як мутахасис, ҷавон ва шаҳрванди кишвар мебояд саҳми хешро гузорад.
    “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
   Декани факултети сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон – Гадоев Ҳасан Сафаралиевич дар мавзӯи “Самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ дар таъмини рушди иқтисодиёт” маърӯзаи судманди худро ба самъи ҳозирин расониданд. Дар рафти чорабинӣ ҳуқуқшиноси муассиса – Абдуллоев Исфандиёр Нодирхонович дар мавзӯи “Шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқӣ” маърӯза намуда, аз пешниҳоди Роҳбари давлат ҷиҳати эълон намудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҳамчун мутахассиси соҳа изҳори хушнудӣ намуданд. Мавсуф қайд намуданд, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро танҳо дар ҳоле мо метавонем ҳимоя ва ҳифз намоем, ки ҳар як шахси комилақл маърифати ҳуқуқии баланд дошта бошад.
    Чорабиниро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна ҳусни анҷом бахшида қайд намуданд, ки роҳбарият ва коллективи муассисаи таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат пайваста ба он мекӯшанд, ки муҳассилини муассисаро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбият намуда, ҳамасола мутахассисони баталаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро омода намоянд. Дар ин замина дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи кору афкори худ ҳисобида, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа хоҳем дод.
    Дар фарҷоми чорабинӣ бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва тақвият додани фаъолияти ҷовонон аз ҷониби Раёсати Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба як қатор омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли муассиса “Сипоснома” тақдим карда шуд.

Leave a Comment