Зери ҳамин унвон санаи 27.01.2024 дар доираи нақшаи чорабинӣ оид ба ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонию кабудизоркунии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷ ҷиҳати иҷрои дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маъракаи ниҳолшинонӣ воқеъ дар шаҳраки №46 -уми ноҳияи Фирдавсӣ фаъолона иштирок намуда, дар ҷойи муайянгардида 50 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи арча бо ҷалби мутахассиони соҳа шинониданд.
    Қобили зикр аст, ки роҳбарият, коллективи меҳнатӣ ва донишҷӯёни Коллеҷ ҷиҳати сабзу хуррам ва ободу зебо гардидани пойтахти азизамон Душанбе ҳамеша саъю кӯшиши беандоза менамоянд.

Leave a Comment