Санаи 03.02.2024 дар доираи амалӣ гардонидани ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дастуру супоришҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Нақшаи чорабиниҳои муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо мақсади ободии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар гирду атроф, синфхонаҳои таълимӣ, устохонаҳои таълими истеҳсолӣ ва хобгоҳи муассисаи таълимӣ ҳашари дастаҷамъона зери шиори “Саҳми ман дар шаҳри ман” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар раванди корҳои ободонӣ ва созандагӣ роҳбарият, кормандон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон бо ибтикори роҳбарияти Коллеҷ дар ҳавлии назди майдончаи варзишии муассиса 50 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи арча шинонида шуданд.
   Роҳбарияти Коллеҷ раванди мунтазам ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагиро дар муассисаи таълимӣ зери назорати ҷиддии худ қарор дода, ҳар ҳафта тибқи нақша аз ҷониби коллективи меҳнатӣ ва донишҷӯёни Коллеҷ ҳашари дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда, пайваста ба он мекушанд, ки ин гӯшаи шаҳри азизамон Душанбе ҳамеша сабзу хуррам, тозаву озода ва ба талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгӯй бошад.

Leave a Comment