Санаи 19.02.2024 донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои банди созишномаи ҳамкорӣ вориди Коллеҷи сохтмонии Ростови лаби Дони Федератсияи Россия гардиданд.
Донишҷӯёни Коллеҷ аз ҷониби роҳбарияти Коллеҷи сохтмонии Ростови лаби Дони Федератсия Россия бо як эҳтироми хоса истиқбол гирифта шуда, бо шароит ва имкониятҳои таҳсили Коллеҷ шинос карда шуданд.
Зимни шиносоӣ, ҳайати ҷониби Коллеҷ аз озмоишгоҳҳо, синфхонаҳои таълимӣ ва дигар имкониятҳои омодасозии кадрҳои баландихтисоси Коллеҷи мазкур дидан намуда, ба
пойгоҳи таълимии он баҳои баланд доданд.
Сафарбаркунии донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ба дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии хориҷи кишвар минбаъд идома меёбад.