БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН
   Санаи 06.03.2024 намояндагони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе зимни сафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон аз Коллеҷи электротехникӣ ва Коллеҷи омӯзгорӣ дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ, ҳайати ҷониби Коллеҷ аз озмоишгоҳҳо, синфхонаҳои таълимӣ ва дигар имкониятҳои омодасозии кадрҳои баландихтисоси Коллеҷҳои мазкур дидан намуда, ба
пойгоҳи таълимии он баҳои баланд доданд.
     Ҳамзамон ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани табодули академии донишҷӯён, ташкили семинарҳои муштарак, таъсис додани факултетҳои муштарак, филиалҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ барои ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.

Leave a Comment