Тибқи ҷадвали тасиқгардида санаи 14.03.2024 дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.01.2024, №:АП-480 оиди баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” даври аввали ин озмуни мазкур баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 65 нафар донишҷӯён ва 15 нафар омӯзгорону кормандони Коллеҷ иштирок намуданд.
   Озмун дар сатҳи баланд тибқи талаботи Низомнома ҷараён гирифта, омӯзгорон ва донишҷӯён ба навбат аз рӯи номинатсияҳои муайяншуда баромад намуданд. Озмун давоми ду рӯз идома ёфта, беҳтаринҳо тибқи хулосаи Комиссияи озмунӣ ба даври навбатӣ роҳхат дода мешаванд.
    Раёсати Коллеҷ барои омода намудани ғолибон ба даври ноҳиявӣ тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст, то ки дар ин озмун иштирокчиён сазовори ҷойҳои намоён гардида, номи муассисаро баланд бардоранд.

Leave a Comment