ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ТЕХНИКӢ МУҲТАРАМ РАБИЗОДА НАҶИБУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛЛӢ
     Омӯзгорон ва донишҷӯёни арҷманд!
   Бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ ва камоли эҳтирому самимияти беандоза кулли мардуми кишвар аз ҷумла Шумо устодону донишҷӯёни муасиссаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанберо ба муносибати ҷашни фархунда, ҷашни дилафрӯзу оламафрӯз Наврӯзи ҷаҳонӣ сидқан табрику шодбош намуда, дар ин Соли нави аҷдодӣ ба якояки Шумо рӯзгори осудаву руҳи болида, иқболи неку хонаи обод, файзу баракат, дар кору фаъолият ва хонишатон бурдбориҳои беназирро орзумандам.
    Имрӯз мардуми шарифи кишвар ба хотири ободии Тоҷикистони азиз ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш бо як дилгармии хоса зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азму талош доранд.
    Маҳз бо ташаббусу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархунда ва падидаи нодиру бузурги табиат, таҷассумгари рамзи рӯшноӣ ва тантанаи адолату накӯкорӣ – Наврӯз ҷаҳонӣ гардид.
     Бояд гуфт, ки Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагонии хушу хуррам аст, ки мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон имрӯз дар марҳилаи нави таърихии худ яъне дар шароити Истиқлолияти давлатӣ , дар даврони созандагию бунёдкорӣ ва рушди устувор таҷлил намуда истодаем. Наврӯзи даврони Истиқлол паёмовари рӯзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост.
    Умед дорам, ки Наврӯзи ҳуҷастапай имсол ба мардуми тамаддунофару соҳибфарҳанги мо, ҷиҳати мунаввар намудани роҳи аҳли ҷомеа барои вусъати ободкории Ватани азизамон муждаҳои тоза меорад, моро дар иҷрои корҳои созандагӣ рӯҳу тавони тоза мебахшад ва барои ҳар як сокини ин сарзамини маърифатпарвар рӯзи хушу соли некӯ ато менамояд.
      Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак бошад!

Leave a Comment