Санаи 28 марти соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳо вохӯрии кормандон ва таълимгирандагони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
    Дар чорабинии мазкур Насрутдинзода Қиёмуддин Шовалӣ – муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники адлия, роҳбарият, кормандону омӯзгорон ва таълимгирандагон иштирок намуданд.
Вохӯриро Садиров Ф.Р. – сардори шуъбаи илм ва инноватсияи Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда, оид ба зарари ин зуҳуроти номатлуб ба ҷомеа, даст назадан ба омилҳои коррупсионӣ суханронӣ намуданд.
    Дар идома Насрутдинзода Қиёмуддин Шовалӣ – муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники адлия дар суханрониашон вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти мазкур, роҳу усулҳои муқовимат ба коррупсия ва худдорӣ намудан аз амалҳои номатлуби коррупсионӣ маълумоти муфассал доданд.
     Абдуллоев И.Н. ҳуқуқшиноси муассиса доир ба таърихи пайдоиши зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва ҷазоҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ барои содир намудани амалҳои коррупсионӣ маълумот доданд.
       Баъди баромадҳо ба саволҳои аз ҷониби ҳозирин додашуда ҷавобҳои мушаххас гардонида шуданд.
      Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ, фазои кории судманд баргузор гардида, дар ифтитоҳи он Садиров Ф.Р. – сардори шуъбаи илм ва инноватсияи Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҳамагонро даъват бар он намудан, ки мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона мебошад” ва мо омӯзгоронро зарур аст, ки бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, барои зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат бандем. Ҷавононро дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва даст назадан ба амалҳои номатлуби замони муосир раҳнамоӣ намуда, бо ин васила рушд ва инкишофи Тоҷикистони азизро таъмин намоем. Дар ҷамъбасти чорабинӣ меҳмони олиқадр барои ҳамкориҳои судманд бо “Сипоснома”-и муассисаи таълимӣ қадрдонӣ карда шуд.

Leave a Comment