Дар доираи амалӣ гардонидани ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ санаи 06.04.2024 аз ҷониби кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён шанбегии дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд.
Аз ҷониби кормандон ва донишҷӯён саҳни муассисаи таълимӣ тозаву озода карда шуда, гирду атрофи дарахтони замини назди ҳавлигии муассиса нарм карда шуданд.
Ҳамзамон донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар “Аксияи тозагии ноҳиявӣ” фаъолона иштирок намуданд.

Leave a Comment