Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамасола барои дарёфти Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъол ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи ва олии касбии шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба насли наврас ва ҷавон аз соли 2017 инҷониб роҳандозӣ мегардад.
   Боиси ифтихор ва сарфарози аст, ки донишҷӯи курси 3 -уми ихтисоси 2 – 400101- Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ Маҳинаи Абдулхай дар соли тахсили 2023 -2024 сазовори Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардид.
   Раёсати Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгирии доимии ҷавонон арзи сипос намуда, ба Маҳинаи  Абдулхай дар таҳсили минбаъдааш дастовардҳои нав ба нав таманно менамояд.

Leave a Comment