Санаи 26.04.2024 дар доираи Нақшаи – чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҳафтаи илм бо ташаббуси кафедраи педагогикаи касбӣ семинари илмӣ-омузишӣ дар мавзӯи «Саҳми олимони тоҷик дар рушди илми педагогикаи халқӣ» доир гардид.
    Дар семинари мазкур меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва томактабӣ иштирок намуданд. Семинарро сардори шуъбаи илм ва инноватсия Садиров Ф.Р. ифтитоҳ намуда, ба ҳамаи иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, педагогикаи халқӣ маҷмӯи донишҳои педагогист, ки аз таҷрибаи рӯзгор ба миён омадааст. Гузаштагони мо, тоҷикон, аз қадимулайём барои тарбияи инсони поксиршт усулҳои гуногуни таъсиррасониро ба кор бурдаанд ва таҷрибаи ҳаётии онҳо аз авлод ба авлод, аз насл ба насл шифоҳан нақл ёфта, ба сифати Педагогикаи халқ то ба замони мо расидааст.
    Сипас номзади илмҳои педагога, дотсенти ДДОТ ба С.Айнӣ Тӯраев Ёрмуҳаммад зимни суханронии хеш таъкид доштанд, ки майдони пажӯҳишгарони педагогикаи халқӣ маҳс дар даврони истиқлолият рушд ёфт. Ҷиҳати асосии Педагогикаи халқ тарбияи меҳнат буда, мақсади он дониш, малака ва маҳорати истеҳсоли ҳосил кунонидан аст.
     Дар ҷамъбаст байни иштирокчиён ва маърӯзачиён баҳсу мунозира ва саволу ҷавоб сурат гирифта, аз ҷониби баромадкунандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Leave a Comment