Таҳти ҳамин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо ташаббуси кафедраи табиию риёзӣ санаи 26.04.2024 дар асоси нақша- чорабиниҳои Коллеҷ ва дар доираи ҳафтаи илм доир гардид.
Конференсияро ҷонишини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Ҳусейнова Ш.З. ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки проблеммаи тағйирёбии глобалии иқлим яке аз мушкилоти экологии башарият маҳсуб меёбад.
Оиди ин масъала чандин маротиба дар СММ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вокуниш намуда, вобастагии таъсири фаъолияти инсонро ба тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ёдрас намудаанд.
Сипас тибқи барномаи конфрос номзади илмҳои техникӣ Бобозода Сафаралӣ – муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар баромади хеш зикр намуд, ки гармшавии глобалӣ дар ҷаҳони имрӯза ба як мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст.
Номзади илмҳои техникӣ Шоҳназаров Беҳруз – мудири кафедраи геоэкологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар мавзӯи “Аҳамияти паём дар рушди минбаъдаи соҳаи экология дар Точикистон” баромад намуд. Ҳамзамон Раҳимов Сайдаброр номзади илмҳои техникӣ, омузгори калони ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар мавзӯи “Гармшавии иқлим ва оқибатҳои он” маъруза кард.
Дар фарҷом ҷонишини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Ҳусейнова Ш.З. ба меҳмонон барои ташриф ва баромадҳои пурмуҳтавову фарогирашон изҳори миннатдорӣ карда, даъват намуд, ки ташаббусҳои Пешвои маҳбуби миллатро сармашқи фаъолияти хеш қарор диҳем ва дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкоронаи ин абармард муттаҳид шуда, дар ҳифзи муҳити зист саҳмгузор бошем.