Санаи 03.05.2024 дар толори асосии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” ҷаласаи тақсимот ва ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон дар соли 2024 ташкил ва баргузор гардид.
    Дар кори ҷаласа Назарзода Давлатхон – сардори шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Ҳамза Сафар -директори Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе, Боймуродов Муқимҷон -директори Литсейи шабонаи касбии техникии муассисаҳои ислоҳии шаҳри Ваҳдат, Хидиров Раҳим -ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ- истеҳсолии Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе Ҷобиров Маҳмадӣ – сардори бахши таълимӣ -истеҳсолӣ ва таҷрибаомӯзии Литсейи политехникии шаҳри Душанбе, Мухторов Додалӣ -ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Душанбе, Ҳаитова Меҳрона -ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ -истеҳсолии Литсейи касбии техникии шаҳри ва Қодирова Нилуфар -сардори шуъбаи кадрҳои Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат, ҳайати комиссия ва хатмкунандагон иштирок намуданд.
     Дар оғози кори ҷаласа директори Коллеҷ н.и.т. Рабизода Наҷибулло иштироки намояндаи Кумита ва масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро ба муассиаи таълимӣ хайрамақдам гуфта, ҳар яки онҳоро ба хатмкунандагон муррифӣ намуда, суханро ба сардори шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Давлатхон дод.
     Мавсуф дар баромади худ хатмкунандагонро бо талаботи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (аз 27.05.2017, №262) ва “Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” (аз 29.11.2022, №563) шинос намуда, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро вазифадор намуданд, ки нисбати ин масъала ҷиддӣ муносибат намоянд. Ҳамзамон оид ба имтиёзҳои давлату ҳукумат, ки барои мутахассисони ҷавоне, ки ба фаъолияти омӯзгори машғуланд маълумоти муфассал доданд.
     Дар рафти корӣ ҷаласа директори Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе Сафарзода Ҳамза ба сухан баромада оид ба шароиту имкониятҳо ва як қатор имтиёзҳои пешбинигардидаи муассисаи таълимии худ ба хатмкунандагон маълумот пешниҳод намуданд.
    Директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе н.и.т. Рабизода Наҷибулло зимни баромади худ қайд намуданд, ки Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе мутахассисонро барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ омода менамояд, ки дар соли таҳсили 2023-2024 аз рӯи ихтисосҳои таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ), таълими касбӣ (мошинсозӣ), таъминоти барқ (аз рӯи соҳаҳо), истифодабарии таҷҳизоти нерӯгоҳҳо ва нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, таҳсилоти томактабӣ, таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, таълими касбӣ (сохтмон), технологияи истеҳсоли дӯзандагӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ ва таълими касбӣ (саноати сабук) бо шумораи 228 нафар донишҷӯён хатм менамоянд, ки аз ин шумора дар шуъбаи рӯзона 94 нафар (59 нафар ройгон ва 35 нафар пулакӣ), дар шуъбаи ғоибона 134 нафар (18 нафар ройгон, 116 нафар пулакӣ) ташкил медиҳад, ки танҳо дар навбати аввал хатмкунандагони шуъбаи рӯзона, ки тариқи ройгон таҳсил менамоянд ба ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
    Тибқи тартиб хатмкунандагон вобаста ба ҷойи зисташон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, кумитаву идораҳои дахлдор тақсимот гардиданд.
     Баъд аз бомувафақият хатм намудан, тибқи роҳхат сафарбар карда мешаванд.
     Дар ҷамъбаст байни хатмкунандагон ва намояндагони муассисаҳои болозикр саволу ҷавоб сурат гирифта, талаботи хатмкунандагон қонеъ карда шуд.

Leave a Comment