Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” давоми ду рӯз санаи 23-24 майи соли 2024 дар байни донишҷӯёни Коллеҷ мусобиқаи варзишии футбол бо мақсади дарёфти “Ҷоми раёсати Коллеҷ” бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар мусобиқа донишҷӯёни факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ ва факултети технология ва иқтисодиёт байни ҳам сабқат намуда, аз ҷониби ҳайати доварони мусобиқа, ки мутахассисони соҳа маҳсуб меёфтанд баҳогузорӣ карда шуданд. Мусобиқа бисёр ҷолиб ва бо шафофиятҳои хоса ташкил ва баргузор карда шуд.
   Дар қисмати ҷамъбастии мусобиқа роҳбарияти Коллеҷ иштирок намуда, директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло дар фазои тантанавӣ ғолибони мусобиқаро таҳният ва қадрдонӣ намуданд. Роҳбари муассиса аҳли иштирокчиёни чорабинӣ ва варзишгаронро ба муносибати 23-май “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва “Рӯзи ҷаҳонии футбол” табрик намуда, ба ҳамагон барору комёбӣ ва ба варзишгарон ғолибон дастовардҳои рӯзафзунро таманно намуданд. Директори муассисаи таълимӣ бо ифтихор иброз намуданд, ки санаи 9 феврали соли 2024 аз ҷониби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори нахуст ба Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қатъномаи махсуси аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ 25 май расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад. Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълон намудани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қабул намуд, ки ҳамасола ин рӯз ботантана ҷашн гирифта хоҳад шуд. Дастаҳое, ки ғолибиятро ба даст оварданд ҷойи якум дастаи факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҷойи дуюм факултети технология ва иқтисодиёт ва ҷойи сеюм факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи хурсандибахш медал ва “Ҷоми раёсати Коллеҷро” қабул намуданд. Роҳбарияти Коллеҷ иқдом гирифтаанд ҳамасола ин санаи таърихиро бо омодагӣ ва шаҳомати хоса ҷашн гиранд.

Leave a Comment