Санаи 23 майи соли 2024 дар толори Шӯрои олимони Коллеҷ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” мизи мудаввар таҳти унвони “Футбол-воситаи таҳкими дӯстии ҷавонон”, ташкил ва баргузор карда шуд.
  Дар чорабинӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Раҷабзода Абдулло Шарифович, сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон Нуралӣ Хоркашов, аъзои Шӯрои намояндагони ТҶҶ ”Созандагони Ватан” дар ноҳияи Фирдавсӣ Аминзода Олим Абдуалим роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
   Чорабиниро бо эҳтироми хоса ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷ Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна оғоз намуда, ташрифи меҳмононро дар ин рӯзи саропо шодиву нишоти ҷавонони Тоҷикистонӣ басо саривақтӣ маҳсуб донисанд. Дар ин замина минатдории роҳбарияти муассисаро ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҷалби онҳо ба тамринҳои варзишӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баён намуда, аҳли иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати 23 май “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод намуда, ба ҷавонони аҳли нишаст ва тамоми ҷавонони Тоҷикистонӣ чӣ дар дохил ва чӣ берун аз марзи кишвар саодатмандӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно намуданд. Муаллима қайд намуданд, ки бо мақсади тақвият додани ҳисси баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва амалӣ намудани барномаи тарзи ҳаёти солим дар доираи тамоми ҷашнҳои расмиву миллӣ Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва ҷалби донишҷӯёну кормандон ба варзиш таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
   Сипас мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Раҷабзода Абдулло Шарифович ба сухан баромада, оиди фаъолияти босамари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” изҳори сипос намуданд. Ҳамзамон сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон Нуралӣ Хоркашов оиди таърихи ин варзиши ҷаҳонӣ чанде ҳарф зада аз дастгирӣ, ташаббус ва имтиёзҳои мунтазаме, ки аз ҷониби Раиси Федератсияи Футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки мунтазам амалӣ гашта истодаанд бо ифтихори беандоза миннатдорӣ намуданд. Мавсуф ҷавононро ба машғул шудан ба ин навъи варзиш даъват намуда пешниҳод карданд, ки аз ҳисоби бонувону донишҷӯдухтарони Коллеҷ дастаи футболбозон ташкил карда шавад. Футболро мутахассиси соҳа яке аз воситаҳои таҳкимдиҳандаи дӯстии байни ҷавонон, ва миллату давлатҳои гуногун маҳсуб дониста, аз дастовардҳои дастаҳои футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ёдрасӣ намуданд. Аминзода Олим Абдуалим аъзои Шӯрои намояндагони ТҶҶ ”Созандагони Ватан” дар ноҳияи Фирдавсӣ , ки дар МД беморхонаи “Истиқлол” ба ҳайси табиби ҷарроҳ фаъолият менамояд ба сухан баромада ба аҳли нишасти чорабинӣ тавсия доданд, ки новобаста аз уҳдадорӣ, сину сол ва масъулият ҳар як шахсият бояд ба варзиш машғул шавад, зеро варзиш кафили солимӣ ва сулҳу якдилист.
   Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ музокираҳо байни коршиносони соҳа ва иштирокчиёни он ба миён гузошта шуд. Инчунин меҳмонон дар кушодашавии “Ҷоми раёсати Коллеҷ”, ки санаи 23-24 майи соли ҷорӣ байни донишҷӯёни факултетҳои амалкунандаи муассисаи таълимӣ бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” гузаронида мешавад, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Leave a Comment