Тибқи нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2028 ва дар доираи иҷрои дастуру роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар 30 майи соли 2024 ироа гардид, санаи 22 июни соли 2024 конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Тамоюлҳои муосири рушди илм ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи рақамисозӣ” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур намояндагони як қатор идораҳои давлатӣ, кумитаҳо ва олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок доштанд, аз ҷумла Маҳмадализода Бобоҷон – сардори раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., профессор, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ғаниев Таваралӣ Бобоевич, Суфиев Алишер -директори Коллеҷи кӯҳӣ ба номи С. Юсупова; Синои Амирбек- директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Сафарзода Ҳамза- директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, н.и.т., дотсент, декани факултети муҳандисию технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Ҳакимов Ғафурҷон Қосимҷонович, н.и.ф-м, ходими пешбари илмии Маркази омӯзиш ва тадқиқоти манбаъҳои барқароршавандаи энергияи назди Институти физикаю техникаи АМИТ Алидов Тутишо Миралишоевич, н.и.и., дотсент Гадоев Ҳасан-декани факултети сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, намояндагон аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба С.Айнӣ, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ, Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ тариқи ҳузурӣ иштирок ва маърӯза намуданд.
Ҳамзамон дар қисмати асосӣ олимони тоҷик ва олимон аз муассисаҳои илмиву таълимии давлатҳои Федератсия Россия – аз Муассисаи давлатии буҷавии касбии таълимии вилоятии вилояти Ростови Федератсияи Россия “Коллеҷи сохтмони шаҳри Ростови лаби Дон” донишҷӯён Аспиева Раяна Магомедовна ва Набока Даниил Дмитриевич зери роҳбарии Долгорукова Нелли Юревна ва Шерстнева Лиана Владимировна бо мавзӯи “Намунаҳои истифодабарии BIM- технологияҳо”, Ҷумҳурии Қазоқистон – аз Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи инноватсионии шаҳри Семей Ғылымбай Абзал Мансурович дар мавзӯи “Истифодабарии технологияҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ”, Адилханова Алия ва Тукенова Венера – омӯзгорони фанни иқтисодиёт ва технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии «Коллеҷи инноватсионӣ»-и шаҳри Семей, Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзӯи “Нақши технологияҳои зеҳни сунъӣ дар табдили рақамии иқтисодиёт”, Алимбаева Гулдана Арманқызы – омӯзгори фанҳои тахассусии Муассисаи давлатии «Коллеҷи инноватсионӣ»-и шаҳри Семей, Ҷумҳурии Қазоқистон, Анила Томас- профессор, мудири шуъбаи сайёҳӣ ва идоракунии сайру сайёҳати Коллеҷи худмухтори Ҷайёти Ниваси шаҳри Банголори кишвари Ҳиндустон дар мавзӯи «Таҷрибаи ҷаҳонии воқеии технологияи роботсозӣ дар саноати сайёҳӣ ва меҳмонпазироӣ», доктор Сандип Кул Шрешта – Президенти Ассотсиатсияи нашрияҳои таҳқиқотии соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондории Осиё дар мавзӯи “Татбиқи рушди рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ” ба таври маҷозӣ баромад намуданд.
Конференсияи мазкурро директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе н.и.т., муҳтарам Рабизода Наҷибулло ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, аввалан минатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайваста ҷиҳати рушди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баён намуда, қайд намуданд, ки дар воқеъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати-миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо аҳли илм ва маорифи кишвар қайд намуданд, ки «Асри XXI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар як кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад».
Татбиқи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим дар муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ, омӯзиши методҳо ва васоити техникии дарёфт, захира, табдил ва муросилоту истифодаи иттилоот бо ёрии компютер ва дигар воситаҳои электронии муосир барои расидан ба ҳадафи мазкур нақши бориз дошта метавонанд. Дар заминаи ин иқтисодиёти мамлакат ба иқтисоди рақамӣ наздиктар гардида, услубҳои хуби азхудкунии технологияи муосирро роҳандозӣ намудан имконпазир мегардад. Маврид ба ёдоварист, ки рақамикунонии иқтисодиёт аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Вобаста ба ин ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, аз ҷумла технологияҳои рақамӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ва рақобатпазирии он дар сатҳи байналмилалӣ низ бояд ҳамчун заминаи асосӣ маҳсуб ёбад.
Рақамисозӣ дар замони муосир дар натиҷаи корбарии самаранок аз Итернет ба тамоюли меҳварии рушди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тибқи таҳлилҳои ташкилотҳои иқтисодиву молиявии байналмилалӣ дар ҳолати ба 10 фоиз афзоиш ёфтани сатҳи фарогирии аҳолӣ бо алоқаи интернети фарохмавҷ суръати рушди иқтисодии кишвар иловатан 1,4 фоиз зиёд мегардад. Бинобар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имкониятҳои васеи татбиқи технологияҳои рақамиро дар раванди идоракунии давлатӣ, пешниҳоди хизматрасониҳо ва дигар самтҳо доро мебошад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки барои ба як қисми комили раванди мазкур табдил ёфтан кӯшишҳои босамар ба харҷ диҳем. Дар акси ҳол аз дастарасӣ ёфтан ба пешрафти илмию техникӣ қафо монда, имконияти баланд бардоштани некӯаҳволии иқтисодиро коҳиш медиҳем.
Дар робита ба ин, барои рушди рақамикунонии иқтисодиёти кишвар зарур аст, ки бо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба технологияҳои инноватсионӣ, рушди стартапҳо, эҷоди занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ташкили гурӯҳҳои таҳқиқотии бисёрҷониба, озмоишгоҳҳо ва марказҳои инноватсионӣ, ҷойҳои кории нави фавқултехнологӣ, бозорҳо барои маҳсулоти нав таваҷҷуҳ зоҳир намоем.
Иқтисоди рақамӣ шакли нави рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, зери мафҳуми он стратегияи пешбурди иқтисоди миллиро мефаҳманд, ки дар он дониш ва иттилооти рақамӣ омили асосии истеҳсолӣ, шабакаҳои иттилоотии муосир – ноқили иттилоот ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) – қувваи пешбарандаи маҳсулнокӣ ва сохторҳои иқтисодиёт мебошанд.
Вобаста ба ин вазифаи асосии рушди ояндаи иқтисодии Тоҷикистон татбиқи модели нави рушди иқтисодӣ дар асоси истифодаи пурраи технологияҳои рақамӣ ба ҳисоб меравад, ки дар рушди устувори иқтисодиёт нақши муҳимро мебозад.
Тибқи Индекси глобалии ҳамгироӣ дар давоми 15 соли охир суръати рушди иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳон нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба зиёд мебошад. Дар сурати таъмини ҳамгироии пурраи рақамии иқтисоди глобалӣ маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷаҳонӣ иловатан ба 23 трлн. доллари ИМА то соли 2025 афзоиш меёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои меъёрии ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ ташаккул ёфта истодааст ва якчанд хуҷҷатҳои давлатӣ, аз ҷумла Консепсияи ҳукумати электронӣ, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ қабул ва мавриди истифода қарор доранд. Вале истифодаи технологияи рақамӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ҳануз ҳам назаррас нест. Ногуфта намонад, ки дар Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 рушди иқтисоди рақамӣ ва рушди иқтисоди «сабз» ҳамчун манбаъҳои иловагии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ арзёби гардидаанд.
Дар робита ба гуфтаҳои боло ба кори конфронс барору комёбӣ таманно намуда, боварии комил дорам, ки натиҷаи масъалагузориҳои аз ҷониби иштирокчиёни конфронси мазкур пешниҳодшаванда иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки санаи 30 майи соли 2024 сурат гирифта буд, таъмини намуда, ба рушди илм ва маориф, махсусан дар самти тамоюлҳои муосири рушди илм ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи рақамисозӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Конференсияи мазкур дар бахшҳои табиӣ-техникӣ, сиёсӣ-иқтисодӣ ва сайёҳӣ-хизматрасонӣ баргузор гардида, дар рафти он як қатор омӯзгорону донишҷӯён аз дохил ва хориҷи кишвар бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Дар ҷамъбаст байни иҳтирокчиён ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифта, ба иштирокчиён ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.