МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ ҶОМЕИ ПЕШРАФТА ВА ҲУҚУҚБУНЁД
(дар ҳошияи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ки ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд буда, ҳадафи аслии давлат ва ҳукумати кишвар таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқи шаҳрвандон ва бунёди ҷомеаи қонунсолор мебошад.
Воқеан қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6 ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард.
Бояд қайд кард, ки эълони “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ин давоми мантиқии сиёсати давлату Ҳукумат баҳри рушди давлати мустақили миллӣ, пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳурӣ ва устуворгардонии пояҳои устувори ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.
Эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон саҳифаи навро боз менамояд. Дар доираи эълон гардидани соли мазкур мо метавонем дар замири мардум боз ҳам арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа зиёдтар гардонем.
Қобили зикр аст, дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар ба ҳисоб меравад. Рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат тасаввур намудан ғайри имкон аст. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ эҷоду таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии сарнавиштсозу адолатпарварро ба роҳ монда, дар заминаи он бо роҳҳои гуногуну мақсаднок маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеаро метавон боло бурд.
Риояи тартиботи ҳуқуқии мавҷуда қарзи шаҳрвандии ҳар як инсон мебошад, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунад. Он нишонаи маданият ва неруи ақлонию илмии шахсро нишон медиҳад. Зеро дарки моҳият ва риояи санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият баланд мебардорад, чунки ин инсон ба мафҳумҳои ҳаққу ботил амиқ сарфаҳм меравад ва аз роҳҳои нодуруст худро боз медорад.
Аз ин дидгоҳ ҳар як нафар узви ҷомеа агар бихоҳад, ки дар зиндагӣ боэътибор бошад, бояд ки дар баробари санадҳои меъёрӣҳуқуқӣ арҷгузорӣ намояд. Инсон шаъну шарафи хешро танҳо ба василаи қонунҳои мавҷуда ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ метавонад ҳифз намояд. Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ин меъёри конститутсионӣ моро боз ҳам водор месозад, ки дар самти риояи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ пешоҳанг бошем.
Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробари шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд.
Бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.
Худ маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.
Муҳимтарин роҳи ташаккули сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон дар замони муосир, ин баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва истифодаи имкониятҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Дар натиҷа тафаккури ҳуқуқии ҷомеа ташаккул ёфта, дар навбати худ нигоҳи ҷомеаро куллан тағйир медиҳад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҳуқуқӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқӣ ҳамчун шарти баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа бояд яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқӣ гардад.
Ҳамаи мо имрӯз вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул бошем ва дар атрофи Сарвари давлат муттаҳиду сарҷамъ шуда, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем, зеро давлате, ки муттаҳиду сарҷамъ ва бомаърифат аст ягон мушкилӣ онро пароканда карда наметавонад.
Баёнова Натиҷа Хуҷамуродовна- сардори шуъбаи ғоибонаи Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе