ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО…
(ба ифтихори таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
«Бигзор, парчами пурҷилло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Давлатеро бо мақоми мустақилият ва соҳибихтиёрӣ бе доштани нишонаҳои давлатдорӣ ва ё рамзҳои давлатӣ тасаввур кардан номумкин аст. Парчам ба сифати рамзи давлатдорӣ аз замонҳои қадим мавҷуд буда, аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медиҳад. Парчамбардорон аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамро пешопеши лашкар мебурданд ва баланд афрохта шудани парчам нишони ғолибият ба душман ба ҳисоб мерафт.
Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодони сарбаландамон мерос мондааст. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадимии миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат буда, ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти таммаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои мардони сарзаминамон башорат медиҳад. Парафшонии.
Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардидааст. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо имрӯз пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як кишвари ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем.
Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналмилалӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо тоҷику тоҷикистониён мебошад.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон – ин эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар гӯшаҳои олам парафшонӣ менамояд ва ба ҷаҳониён мужда аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.
Тасвири Парчами давлатӣ дар пули миллӣ, коғазҳои қиматнок, гувоҳномаю шиносномаҳо, ордену медалҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва дигар ашёи арзишманд инъикос ёфта, хурду бузурги кишвар аз он ифтихор доранд.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ва гиромидошти ин рамзи давлатӣ 24-уми ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид.
Лаҳзаи бӯсидани Парчами миллӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваъдаи сулҳ овардан ба сарзамину мардуми он садоқати Сарвари давлат ба Ватан ва эҳтирому манзалати Парчами миллиро собит намуд.
Муҳаббат ва эҳтироми хосса ба Парчами давлатӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ – ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ- ин пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст. Бигзор Парчами давлатӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳамчун нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.
Ҳусейнова Шаҳло Зариповна, ҷонишини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

Leave a Comment