Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.
         Эмомалӣ Раҳмон
     Директори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷроиши дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, саҳми арзанда гузоштан дар пешбурди фаъолияти муассисаи таълимӣ, робитаи ногусасатанӣ доштан бо тамоми мақомотҳои марбут ба самти ҷавонон дар шаҳри Душанбе ва дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарвари тарбия намудани муҳассилини муассисаи таълимӣ, санаи 03.02.2023 бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуд. Сипосномаро дар фазои тантанавӣ дар маросимӣ ҷоизасупорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим ба директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Рабизода Наҷибулло тақдим намуданд. Коллективи муассисаи таълимӣ Роҳбари гиромиро ба муносибати ноил шудан ба ҷоизаи набатӣ табрик намуда, барояшон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоянд.

Leave a Comment