“Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.
Эмомалӣ Раҳмон

   Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар доираи амалигардонии Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 бахшида 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби собиқадорони Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори асосии муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе вохӯрии судманд ташкил ва баргузор карда шуд. Дар вохӯри мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муслим Усмонзода, собиқадори Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сайфулло Мусоев, устодон ва донишҷёни Коллеҷ иштирок намуданд.

     Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсиӣ Муслим Усмонзода ҳадафи асосии баргузории ин вохӯриро дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ , ватанпарварӣ ва омода будани ҷавонон ба ҳифзи марзу буми кишвар арзёбӣ намуданд. Баъдан мавсуф аз таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ шуда, зикр намуданд, ки миллати тоҷик бо кору пайкори созандаи хеш барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адаб ва сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат, таърихи худро ғаниву рангин сохтааст. Роҳандозӣ намудани Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027-ро аз ҷониби Пешвои миллат басо бомаврид ҳисобида, дар ин росто ҷиҳати иҷроиши ин Барномаи тақвиятдиҳандаи ҳисси ватандӯстии ҷавонон ҳар як иштирокчии вохӯрӣ аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизии “Муҳандис” –ро муваззаф намуд.

   Собиқадори Қушунҳои сарҳадии кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сайфулло Мусоев дар раванди суханрониашон қайд намуданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият намоем ва дар пешрафти Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.Чи хеле ки Пешвои миллатамон Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд “Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст”. Вазифаи асосии он таъмини амнияти ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Артиши ҷавонони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомуш кардани ошубҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа, саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Тӯли 30 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрўз ба нерўи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз хизмат менамоянд.

    Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна дар анҷоми вохӯрӣ иброз намуданд, ки Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳои хеш ҳифзи Ватанро вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди мамлакати эълон намудаву таъкид карда буданд “Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд”. Ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлолии кишварро мебояд пайваста ба он кӯшиш намоянд, ки дар пойдорӣ ва устувории пояҳои Артиши миллӣ саҳми сазовор гузоранд. Ҳеҷ як сарзаминро касе ба ҷуз ворисонаш дӯст доштаву ҳимоя карда наметавонад. Пас биёед ворисони арзандаву сазовори миллату меҳани хеш бошем, то ҳамеша зиндагии шоиста дошта бошем.

Leave a Comment