Тибқи Нақшаи чорабинҳои илмии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе санаи 27 майи соли 2023 конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилаилии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 – 2028 таҳти унвони “Ҳалли масоили марбут ба об – яке аз умдатарин ҳадафҳои рушди устувор” баргузор гардид.
      Дар он намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифов Гул Ваҳобович н.и.г.м., дотсент, сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоев Ҷаҳонгир Давлатбекович муовини директори муасиссаи давлатии “Маркази илмию таҳқиқотии ҳифзи захираҳои оби”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исайнов Ҳисайн Раҳимович д.и.и., профессор, декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Насруллоев Фарҳод Хуҷаевич, доктор PhD муовини директори муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзишӣ пиряхҳои назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, Асоев Ҳасан Муродович ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Бобоев А.М. сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Гадоев Ҳ.С. –декани факултети сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Тағоев Б.Ш. –декани факултети технологияҳои рақамӣ ва менеҷмент, намояндаи фонди наҷоти баҳри Арал, намояндаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
    Зимни ифтитоҳи чорабинӣ директори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло қайд намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим эътироф гардидааст, ки бевосита барои баромадани ҷаҳон аз вартаи касодии экологӣ ва таъмин намудани эҳтиёҷоти беш аз 1 миллиард аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ нақши муассир мегузорад. Дар ин муддат, бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – СММ дар асоси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 қатънома: 1) A/RES/55/196 (20.12.2000), 2) A/RES/58/217 (23.12.2003), 3) A/RES/64/198 (21.12.2009), 4) A/RES/65/154 (20.12.2010), 5) A/RES/67/204 (21.12.2012), 6) A/RES/69/215 (19.12.2014), 7) A/RES/71/222 (21.12.2016), A/RES/73/226 (11.01.2019), 9) A/RES/75/212 (21.12.2020) ва 10) A/RES/77/158 (14.12.2022) қабул кардааст.
     Мо – мардуми сарбаланди тоҷик шукргузорӣ аз Офаридгори пок мекунем, ки бароямон чунин як роҳбари оқилу фарзонае ба мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намуда, ободиву озодагӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдати сартосарӣ ва иттиҳоду ягонагӣ маҳз аз талошҳои ҷоннисораи ӯ ба даст омадааст.
   Дар натиҷагирии аз ҳама ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ ва ифтихор метавону гуфт, ки шурӯъ аз соли 2000 –ум то имрӯз онро беш аз 180 давлати ҷаҳон дастгирӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим аз ҷониби Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қарордоду қатъномаҳои лозимӣ қабул гардидааст.
   Дар идомаи кори конференсия сухани шодбошии намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
   Ҳамчунин дар конференсия муовини сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.г.м, дотсент Шарифов Гул Ваҳобович дар мавзӯи “Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим – кафили таъмини суботи экологӣ ва наҷотӣ башарият”, муовини директори муассисаи давлатии “Маркази илмию таҳқиқотии ҳифзи захираҳои оби” – и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Ҷаҳонгир Давлатбекович дар мавзӯи “Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳӣ ҳаллӣ масоили обии сайёра”, Исайнов Ҳисайн Раҳимович д.и.и., профессор, декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши прияхҳо дар серобшавии захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини директори муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Тоҷикистон – пешоҳанги масъалаҳои об”, Асоев Ҳасан Муродович -ходими калони илмии Инстути масъалаҳои об, гидроэнергетиека ва эколонияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Таҳлилу таҳқиқи бехатарии иқлим ба мо чӣ медиҳад?” маъруза намуданд.
    Инчунин Сандип Кул Шрешта – Президенти Ассотсиатсияи нашрияҳои таҳқиқотии соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондории Осиё дар мавзӯи “Об ва ҳадафҳои рушди устувор”, Меҳендер Реддӣ профессори Донишкадаи сайёҳӣ ва идоракунии меҳмонпазироии шаҳри Ҳайдарободи кишвари Ҳиндустон дар мавзӯи “Сайёҳӣ ва рушди устувор” Анила Томсон доктор, профессор мудири шуъбаи сайёҳӣ ва идоракунии сайру сайёҳати Коллеҷи худмухтори Ҷайёти Ниваси шаҳри Бонголори кишвари Ҳиндустон дар мавзӯи “Нақши технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ дар рушди саноати сайёҳӣ ва меҳмондорӣ”, доктор Пурна Чандрика профессори Донишкадаи технологии Чайтан Бхарати шаҳри Ҳайдаробои кишвари Ҳиндустон дар мавзӯи “Туризми устувор, меърос ба наслҳои оянда” тариқи маҷозӣ баромад намуданд.
     Бояд қайд намоем, ки тибқи барнома кори конференсия дар се бахшҳо: бахши як (табиӣ – техникӣ), бахши ду (сиёсӣ – иқтисодӣ) ва бахши се (сайёҳӣ ва хизматрасонӣ) баъд аз нисфирӯзӣ идома ёфта намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, идораву муассисаҳои дахлдор дар бахшҳо маъруза намуда, конференсия соати 16:00 ҷамъбаст гардид.
и ещё 40

Post navigation

Leave a Comment