Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.
Эмомалӣ Раҳмон
     
    Шунидани чунин суханҳои ширин аз ҷониби Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати занону бонувон ва модарони соҳибмаърифати тоҷик бори дигар дар қалбҳои ин қишри фаъоли ҷомеа муҳаббат ва умед ба ояндаи некро ҳувайдо менамояд.
    Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 ба мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳофар ироа гардид, бурду бохти тамоми соҳаҳои пешбарандаи ҷомеаро дарбар гирифта, барои соли оянда қарору пешниҳодҳои дахлдор қабул карда, дастури барномавӣ нақшаи пешбурди фаъолияти ҳар як шахси зиёии кишвар маҳсуб меёбад.
     Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз замони солҳои аввали роҳбари давлат интихоб гардиданашон ба манзалати занону бонувон дар сиёсати давлату ҳукумат аҳмияти хоса дода, ба масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон, пешбурди самти фаъолият ва зиндагии осоиштаи онҳо тамоми самтҳои пешбарандаи ҷомеа чораҳои зарурӣ андешидаанд. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат ҳукумати кишвар бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат то ба имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.
     Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, инчунин проблемаҳои вобаста ба сиёсати демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудаанд. Аз ҷумла: Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», аз 3-юми декабри соли 1999, №5; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардони онҳо», аз 24-уми декабри соли 2022, №1941; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 19-уми апрели соли 2001, №199; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси грантҳои президентӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои солҳои 2021-2025”, аз 28-уми январи соли 2021, №5; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», аз 30.04.2021.№167, «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030», Стратегияи коммуникатсионии “Оила макони меҳрубон”, ки бо Қарори мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2023, №4 тасдиқ шудааст ва чанде аз дигарон қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо боиси беҳтар гардидани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа гардид.
    Дар воқеъ қабули ин санадҳои муҳим ва даҳҳо санадҳои дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст, заминагузор мебошанд.
    Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми қаблиашон ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 23-юми декабри соли 2022 зикр намуданд, ки аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.
     Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад, ки таҳия ва тасдиқ ва мавриди амал қарор додани “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030», аз ҷониби ҳукумати мамлакат дар заминаи эҳтиром ва қадрдониву боварӣ ба занону бонувони масъулиятбаланди кишвар маҳсуб меёбад.
    Дар Паёми қаблии хеш Пешвои миллат, ки санаи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, зикр намуданд, ки “Мо бояд як нуқтаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”
   Дар партави ин нақшаҳои созандаи Пешвои миллат имрӯзҳо дар доираи Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2020, таҳти №703 тасдиқ карда шудааст, имрӯзҳо садҳо занону бонувони тоҷик дар тамоми гушаву канори кишвар соҳибкасб гардида, дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда истодаанд, ки фаъолияти онҳо барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии оила ва ҷомеа мусоидат мекунад.
   Хурсандибахш аст, ки роҳбарияти давлату ҳукумат дар симои занону бонувони босаодати тоҷик инсонҳои дорои фарҳанг ва ахлоқи воло, занони ҳалиму хоксор, хушодобу закӣ, бонувони зебову иззатманд, модарони мушфиқу ғамхор ва сиёсатмадорони муваффақро мешиносанд, ки имрӯзҳо миёни доираҳои гуногуни сиёсӣ ва арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун сиёсатмадори варзида ва муваффақ маҳбубият пайдо намудаанд.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши зан-модарро дар ҳаёти имрӯзаву ояндаи башарият ниҳоят муҳим дониста, дар яке аз вохӯриҳояшон бо занону бонувони кишвар дар арафаи таҷлили Рӯзи модар зикр кардаанд: «Бо эътирофи бузургону мутафаккирони олам зан-модар аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин мебошад. Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем, муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад».
    Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат аз натиҷаи амалигардонии тамоми қунонҳо, барномаҳо ва сатратегияҳое, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар марбут ба самти фаъолияти занон тасдиқ карда шудаанд аз фаъолияти босамари занон бонувони лаёақатманди тоҷик дар соҳаи маорифу тиб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу соҳибкорӣ, иқтисодиёту хизмати давлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”. Албатта тарбияи фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ, ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуб аз ҷониби модарон заминагузори чунин бовариҳои Роҳбари давлат мебошад. Дар ин раванд Пешвои миллат қайд намуданд, ки занон ва модарону бонувони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд. Пас ҳар як модари тоҷикро мебояд дар баробари дигар қонунҳои дар кишвар амалкунанда ин ду қонуни танзимкунандаро дастурамали ҳамарӯзаи зиндагӣ ва кору фаъолияти хеш қарор диҳанд. Роҳбари давлат оиди фаъолияти занону бонувон дар тамоми самтҳои пешбарандаи ҷомеа сухан намуда, зикр карданд, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.
   Ҳамзамон Пешви милат дар Паёмашон зикр намуданд, ки занону модарон ҷиҳати ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон бо мақсади бунёди оилаи солим, ки ҷомеаи солим аз онҷо сарчашма мегирад вазифадор мебошанд зеро маҳз занону бонувон, ки имрӯзҳо ҳамқадами ҷомеаи навин мебошанд дар устувориву рушди оила мақоми хоса доранд. Мақоми модар дар оила пеш аз ҳама ба сатҳи маърифат ва донишу маданияти ӯ тавъам аст. Рушду камолоти оилаи солим бештар ба ташаккули зеҳнӣ ва сатҳи маънавияти духтарон вобастагӣ дорад, аз ин ҷиҳат модаронро мебояд дар интихоби рафиқи ҳаётии фарзанди хеш дар мувофиқа бо интихоби фарзанд талош намуда, навҷавононро дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ тарбият намоянд.
    Пешвои миллат такя ба иродаи қавии занону бонувони тоҷик намуда зикр карданд, ки “Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад”. Пас ҷомеаи демократӣ имрӯз аз мо модарону бонувони тоҷик чӣ тақозо менамояд?. Албатта тарбия намудани фарзандони босавод, забондон, бомаърифат, бомаданият, варзишгар, ватандӯст, муҳофизи ватан. Бошад, ки ҳар яки мо қабл аз фарзандон дорои чунин хислат ва истеъдод бошем, то инки фарзандҳо аз мо ибрат гиранд. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад. “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.
    Пас модарон вазифадор ҳастанд, ки аз ахбори муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ огаҳ гарданду дар пайроҳаҳои пуртазоди ҷаҳонишавӣ фарзандонро дар роҳи ростӣ, сарфаю сариштакорӣ ва дур аз фитнаю хурофот тарбия намоянд, зеро ба қавли Сарвари давлат “Бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”. Пас аз ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ”, ки дар он соли 2024 аз ҷониби сарвари давлат ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, аз 30-юми декабри соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” таҳти №668 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад, ба тасвиб расонида шуд.
    Амалӣ намудани талаботҳои фармони мазкур аз ҷониби бонувону модарон ба фаъолият ва раванди тарбияи фарзандон ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва маданияти ҳуқуқӣ ба пойдории оилаҳои ҷавон, риояи талаботҳои шаҳрдорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд заминагузор мебошад. Агар дар бобати ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба занону бонувон чиқадар, ки сухан гӯем кам аст, зеро иқдомҳои созандаи ҳукумату давлат нисбати занону бонувон рӯз аз рӯз афзуда истода, барои зиндагӣ ва фаъолияти онҳо роҳи мунаввареро равшан менамояд.
    Мо занону бонувон ва модарони мушфиқу ғамхор, ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзун ва бемисли ҳукумати кишвар вазифадорем, ки бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи инсонӣ тамоми нерую ғайрат ва кӯшишу заҳмати хешро барои ҳифз, нигаҳдошт ва таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва таъмини ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон равон намоем.
Файзуллоева Д.Н.-муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

Leave a Comment