Санаи 21.02.2024 дар толори Шӯрои олимони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе мизи мудаввар бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ-кафили суботи ҷомеа” гузаронида шуд, ки дар он роҳбарияти муассиса кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
    Мизи муддавар бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, сараввал Садиров Ф.Р. сардори шуъбаи илм ва инноватсияи Коллеҷ чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин санаи муҳими таърихӣ табрик гуфта ба кулли мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Артиши миллӣ-ро ҳамчун сипари боэътимоди Ватан табрику муборакбод намуд.
   Сипас мудири кафедраи энергетика ва нақлиёти автомобилӣ Муминова С.Т. дар мавзӯи “Ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз меёбад” суханрони намуда, дар баромадашон таъкид намуданд, ки ҷавонони саодатманди даврони истиқлол бояд омода бошанд, ки дар ҳар лаҳза Ватани худро аз душман ҳифз намоянд. Асосгузори сулҳу- ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон ба ҷавонон такя намуда онҳоро барои ҳимояи марзу буми кишварамон ҳидоят менамояд. Ин Ватан бо Шумо ҷавонони бонангу номуси миллат фахр мекунад.
   Қодирова О.З. омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар баромади хеш зикр намуданд, ки бо талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1993 ба бунёди Артиши миллӣ асос гузошт. Бояд таъкид намуд, ки дар он солҳои мудҳиш бунёд намудани як Артиш кори саҳлу осон набуд. Новобаста ба мушкилиҳо 23-феврали соли 1993-ро ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд. Дар тӯли 31 сол фаъолият, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз бузургтарин Артиш дар собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор меравад. Мо бояд ифтихор аз ин родмардони ватани азизамон кунем, ки ин шабу рӯз хизмати Ватан-модарро ба ҷо меоранд.
     Ҳамзамон дар ин ҳамоиш омӯзгорон Саидова Ҷ.Н., Фирӯзаи А., Яқубова Б.Ш. ва Усмонова М. оиди “Таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Артиши даврони истиқлол”, “Артиш сипари боэътимоди Ватан” маърӯза намуда ҳозиринро бо таърихи Артиш, хизмат дар он ва қисмҳои Артиши миллӣ шинос намуданд.
   Дар интиҳо Садиров Ф.Р. сардори шуъбаи илм ва инноватсияи Коллеҷ баромад намуда нисбати ташкилкунандагони мизи муддавар аз номи роҳбарияти муассиса изҳори миннатдорӣ намуда Рӯзи Артиши миллиро барои мардуми шарафманди Тоҷикистон табрику муборак намуданд.

Leave a Comment