Гулова Шаҳло
Тел:+992 888846102
Email: gulova1975@list.ru
Бахши робитаҳои хориҷии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, тибқи самт, мақсад ва вазифаҳои дар санадҳо ва меъёрҳои марбута пешбинигардида, бо зиёда аз 10 муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва дигар корхонаву иттиҳодияҳо ҳамкориҳои пурмаҳсулро ба роҳ мондааст .
Бахш, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори коллеҷ ва қарорҳои Шӯрои олимони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе фаъолияти пурсамар мебарад.
Бахш, тибқи Созишномаи ҳамкорӣ бо Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии мезмонпазироии шаҳри Ҳайдарободи кишвари Ҳиндустон, ҷиҳати ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ, ҳамасола бо ҷалби кормандон ва омӯзгорони коллеҷ конфронсҳои муштарак ташкил ва баргузор менамояд ва иштирокчиён бо сертификатҳои байналмиллалӣ сарфароз гардонида мешаванд
Бахш ҳамкории коллеҷро дар доираи лоиҳаҳои гуногун бо ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ ба монанди Барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид, Бонки Осиёии рушд, Ташкилоти ҳамкориҳои Олмон ва дигар ташкилотҳо дар амал татбиқ менамояд.
Дар доираи нақшаи солонаи фаъолияти бахш ва берун аз он бахши робитаҳои хориҷӣ як қатор корҳоро ба нақша гирифтааст аз қабили;
- Густариш додани ҳамкориҳо бо лоиҳаҳое ки бо коллеҷ феълан ҳамкорӣдоранд
- Иштирок дар чорабиниҳои илмӣва илмӣ-амалии муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар
- Ташкили чорабиниҳои илмӣ-амалӣ дар коллеҷ, чиҳати пайвастани донишҷӯёну кормандон ба фазои илмию фарҳангии байналмиллалӣ.
- Ҷустуҷӯ ва дарёфти сарчашмаҳои молиявӣ , ҷиҳати тавқият бахшидани базаи моддӣ-техникии муассиса