Маълумоти умумӣ дар бораи шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонӣ

    Шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонӣ яке аз воҳидҳои сохтории Колеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ба шумор рафта, фаъолияти худро мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузори амалкунандаи соҳавӣ, Низомномаи шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонӣ ва Оинномаи муассиса бар роҳ мондааст.

Фаъолияти ҳайати кормандони шуъба

    Айни ҳол дар шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонӣ 4 нафар корманди доимӣ кору фаъолият менамоянд, сардори шуъба, сармутахассис (ҳуқуқшинос), мутахассиси пешбар ва мутахассиси бойгонӣ

Ҳадафи шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонӣ

     Шуъба дар асоси Низомномаи тасдиқшуда амал менамояд ва доираи васеи вазифаҳоро ба монанди аз барасмиятдадории қабул ба кор, ҷойивазкунӣ ва аз кор озодкушавии кормандон, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои кормандон, ба тартиб даровардани парвандаҳои шахсии онҳо, ворид намудани маълумотҳо ва нигоҳдории дафтарчаҳои меҳнатии кормандон, ба тасвиб расонидани фармоишҳо вобаста ба ҳайати кадрӣ, додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба хатм (диплом), додани хулоса ва пешниҳодҳои ҳуқуқӣ, нигоҳдории парвандаҳои донишҷӯён ва кормандон, фармоишҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо дар бойгонии муассиса ва ғайраро иҷро менамояд.

 

………………………………………………………………………………………………………………..

Сардори шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонӣ

Ҳусейнов Одил Зарифович 15 ноябри соли 1971 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос бо донистани иқтисодиёт хатм намудааст. Оиладор соҳиби 3 фарзанд

Фаъолияти меҳнатӣ ва таҷрибаи касбӣ

Аз соли 1994 фаъолияти меҳнатиашро оғоз намуда, собиқаи кории зиёда аз 29 сола дорад. Аз 1 апрели соли 2023 дар вазифаи сардори шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонӣ фаъолият намуда истодааст.

Телефон: +992 919363697, Почтаи электронӣ: khuseynov.adil.71@mail.ru

………………………………………………………………………………………………………………….

Сармутахассис (ҳуқуқшинос)

 Абдуллоев Исфандиёр Нодирхонович 1 январи соли 1997 дар ноҳияи Мӯъминобод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 2019 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Муҷаррад.

Фаъолияти меҳнатӣ ва таҷрибаи касбӣ

Аз соли 2019 фаъолияти меҳнатиашро оғоз намуда, айни замон дар вазифаи сармутахассис (ҳуқуқшинос) фаъолият намуда истодааст.

Телефон: +992 985363836

………………………………………………………………………………………………………………..

Мутахассиси пешбар

Абдураҳмонова Файзинисо Файзуллоевна 13 июни соли 1999 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айниро соли 2022 бо ихтисоси Таърих. Забони англисӣ хатм намудааст. Муҷаррад.

Фаъолияти меҳнатӣ ва таҷрибаи касбӣ

Аз соли 2019 фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгор оғоз намуда, айни замон дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонӣ фаъолият намуда истодааст.

Телефон: +992 111140713

………………………………………………………………………………………………………………..