Сайдаминова Миянсархон Исохоновна Сардори шуъбаи тарбия Тел : +992 905132022, 555551620 Тарбия – раванди мақсадноки ба воя расонидани насли ҷавон аз ҷониби волидайн, зинаҳои мухталифи муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаро ташкил медиҳад. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои ташаккулёбии шахс дар ҷомеа ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёдии ҳаёт равона карда шудааст. Мақсади тарбия қисми таркибии ҳадафу вазифаҳои давлат қарор дода шуда, барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд равона карда шудааст. Давлат чунин тартибу низомро ҷорӣ намудааст, ки барои ҳаёт ва фаъолияти инсон ва тарбияи миллии шаҳрвандон мусоидат намояд ва ҷавононро дар рӯҳияи анъанаҳои миллӣ бо баназаргирии пешравиҳои ҷаҳони муосир тарбия намояд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ ба тарбияи ҳамаҷонибаи донишҷӯён нигаронида шудааст. Тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявии демократӣ, шарҳу тафсири нутқу маърӯзаҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону дастурҳои раёсати коллеҷ, гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо ва соатҳои тарбиявӣ аз бахшҳои асосии корҳои тарбиявии коллеҷ ба ҳисоб мераванд.Фаъолияти тарбиявии коллеҷ, асосан, дар робита бо садорати факултетҳо, кураторон ва созмонҳои ҷамъиятӣ амалӣ мешавад ва баробари фаро гирифтани донишҷӯён ба таълим тарбияи ҳамаҷонибаи мутахассисони оянда дар маркази таваҷҷуҳи раёсат ва қисми тарбиявии коллеҷ қарор дорад. Дар коллеҷ пайваста гузаронидани чорабиниҳо ва вохӯриҳо бо аҳли сиёсат, илм, адаб, шоирону нависандагон ва санъаткорон ба ҳукми анъана даромадааст, ки баҳри боло бурдани зеҳну тафаккур ва рӯҳияи ватанпарастӣ, пос доштани фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ тарбия намудани донишҷӯён нақши муҳим мебозад. Ҳадафи асосии қисми тарбиявии коллеҷ дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, хештаншиносӣ, меҳанатдӯстӣ, эҳтироми арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ тарбия намудани донишҷӯён маҳсуб меёбад. Тамоми ҳадафҳо ва самтҳои фаъолияти зикршударо Шуъбаи тарбия дар доираи бахшҳои ҷавонон, Шӯрои занон ва кор бо оила, хобгоҳ, ҳамшираи тиббӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Шӯрои кураторон, Ассотсиатсияи волидайн, Комисияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими коллеҷ амалӣ мекунад. Шуъбаи тарбия дорои се воҳиди корӣ; мудири шуъба, ду сармутахассис мебошад. Дар 2 факултети коллеҷ муовинони декан оид ба тарбия шуъбаи тарбияро намояндагӣ мекунанд. Дар ин давра самтҳои фаъолияти шуъба вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми ҳамасолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми ҶТ, қарорҳои шӯрои олимон ва раёсати коллеҷ, ки ба масоили корҳои тарбиявию ахлоқӣ бахшида шудааст ба роҳ мондааст. Натиҷагирии иҷрои босамар аз ҷараёни татбиқи Стратегия, Консепсия ва Барномаҳои дурамали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун, Консепсияи миллии тарбия, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон, Барномаи мубориза бар зидди экстремизму терроризм, нашъамандӣ ва дигар роҳҳои эмин нигоҳ доштани донишҷӯён аз зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа аз самтҳои фаъолияти шуъба дарак медиҳад. Чунончӣ, роҳандозӣ гардидани “дарсҳои тарбиявӣ” дар гурӯҳҳои академикӣ дар мавзӯъҳои гуногун, иштироки донишҷӯён дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва созандагии кишвар, ҳамкориҳои судманд бо мақомоти давлативу ҳифзи ҳуқуқ, ширкати донишҷӯён дар чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва амсоли инҳо равшангари татбиқи ин самти фаъолияти тарбиявӣ гувоҳӣ медиҳад. |
|