ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Санаи 07.03.2024 дар толори фарҳангии муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бахшида ба бузургдошти Рӯзи модар чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд. Чорабиниро директори муассисаи таълимӣ н.и.т. Рабизода Наҷибулло ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи нақши занон дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон суханрони намуда қайд намуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шуданашон ба занону бонувон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, баҳри баланд бардоштани мавқеъ ва нақши онҳо дар ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд меандешанд.
Боиси хушнудист, ки имрӯз дар муассисаи таълимии мо зиёда аз 70 нафар занону бонувон фаъолият доранд, ки ин ҳам аз шарофати соҳибистиқлоли миллату давлатамон гувоҳи медиҳад. Дар фароварди суханрониашон роҳбари муассиса ҳамаи омӯзгорзанон ва донишҷӯдухтаронро ба муносибати фарорасии Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, дар кору фаъолият ва донишандӯзиашон бурдбориҳоро таманно намуданд.
Сипас навбат ба қисми фарҳангии барнома дода шуда, аз ҷониби донишҷӯён қироати шеърҳо дар васфи модар, ва саҳначаҳои тарбиявӣ ба ҳозирин пешниҳод карда шуд, ки дар сатҳи хеле хуб омода гардида буд. Дар интиҳои чорабинӣ як қатор омӯзгорони собиқадор барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас аз ҷониби роҳбарияти муассиса бо Сипоснома ва Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.