Санаи 9 январи соли 2026 ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифагузориҳо барои 2026 ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷамъбасти ҷаласа роҳбарияти Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе барои фаъолияти ҳадафмандона ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди таҳсилоти касбӣ бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
Раёсати Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҷиҳати қадрдонӣ ба роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз медорад, ки минбаъд низ тамоми сайъю кӯшиши худро баҳри иҷрои босамари дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, равона месозад.
Ҳамзамон дар рафти чорабинии мазкур Ҳусейнова Шаҳло Зариповна, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Коллеҷ бо нишони «Аълочии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардид.
Ба аҳли коллективи муассисаи таълимӣ дастовардҳои навбатиро таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳои назаррас таманно дорем.