Санаи 14 январи соли 2026 бо мусоидати Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои хориҷии мутақобилан судманд ба Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе намояндагони Ҷумҳурии мардумии Чин – Мэн Фанзэнг, муовини ректори Донишкадаи касбӣ-техникии саноати дифоии Шансии Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ли На, мутахассиси табодули байналмилалии ҳамин донишкада ва намояндагони Кумита ташриф оварданд.
Меҳмонони олиқадро директори Коллеҷ муҳтарам Рабизода Наҷибулло ва намояндаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуданд.
Зимни мулоқот фаъолияти коллеҷ тариқи рунамо пешниҳод гардид.
Меҳмонон аз сатҳи пешвозу қадрдонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба саҳми ҳозирин ҳадафи ташриф оварданашро расонида, самтҳои фаъолият, потенсиали илмиву педагогии муассисаи таълимии худро тариқи видеоролик муаррифӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ меҳмонони олиқадр бо синфхонаҳову озмоишгоҳҳо, маркази технологияи рақамӣ ва устохонаҳои таълимии Коллеҷ дидан намуда, ҳавасмандии хешро нисбат ба густариши ҳамкориҳо дар самти омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъсиси маркази омӯзиши забони хитоӣ баён доштанд.
Зимни нишаст ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти омоданамоии мутахассисон, табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон баррасӣ намуда, ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар ҷамъбаст ба меҳмонон бо арзи эҳтиром тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.