Санаи 30 январи соли 2026 бо мақсади эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ҷиҳати баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар толори асосии муассиса иди миллии “Сада” бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродзода Фурқат, роҳбарият, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёну хонандагони Коллеҷ фаъолона иштирок намуданд.
Ба чорабинӣ муовини директор оид ба таълим, номзади илмҳои техникӣ Мисралиев Фахриддин Денбегиевич ҳусни оғоз бахшида, таҷлили ин ҷашни миллиро дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ басо рамзӣ ҳисобида, омӯзгорон, кормандон, донишҷӯёну хонандагон ва дар симои онҳо кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати таҷлили ҷашни бостонии Сада шодбош гуфта, ба ҳамагон солимӣ, бурдборӣ ва файзу баракат дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистониро таманно намуданд.
Мавсуф зимни ибрози суханонии табрикотии хеш аз ҷумла, иброз намуданд, ки боиси ифтихору шарафмандист, чун имрӯз дар ин даргоҳи касбу ҳунар дар қатори дигар ҷашнҳои милливу давлатӣ яке аз ҷашнҳои миллӣ ва таърихии миллати сарбаланди тоҷик Иди Сада бо як эҳтиром ва шаҳомати хоса таҷлил шуда истодааст. Ҷашни Сада ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ҷашни миллӣ буда, анъана ва оину суннатҳои ниёгонро дар худ нигоҳ дошта, то ба замони мо мустақилияти худро ҳифз намудааст. Решаи ҷашнҳои мардуми ориётабор аз ибтидо бо табиату кайҳон ва иҷтимоию башарӣ иртибот доштааст. Ба ҳамин тартиб, решаи аксари ҷашнҳои ориёӣ бархоста аз кашфиётест, ки ошкор шудани он ба нафъи тамоми ҷомеи башарӣ будааст. Аз қабили кашфи оташ, баробарии шабу рӯз, ихтирои оҳан, даст ёфтан ба улуми кишоварзӣ, тиб, риёзӣ ва ғайра. Барои мисол, Каюмарс тибқи ривоёти «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ аввалин касе буд, ки тоҷи подшоҳӣ бар сар ниҳода, низоми ҳукуматдориро бунёд гузоштааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷашни миллии тоҷик ишора намуда қайд карданд, ки : «Бовар дорам, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некию саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободонию созандагӣ ва хуррамию пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамию хушбахтӣ хоҳад овард».
Воқеан, баъди расидан ба истиқлолият ва озодӣ дар ҷумҳуриамон суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихию фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омӯхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин мамлакати номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаю рӯйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намояд ва ба он сидқан арҷ гузорад.
Боиси сарфарозӣ аст, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хизмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми ҷашнҳои миллию мардумӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон хосса мебошад.
Ҳамчунин бо умеду орзуҳои нек ёдовар мешавем, ки минбаъд суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар саросари мамлакат ба ҳукми анъана даромада, тамоми сокинони ҷумҳурӣ онро дар руҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки ҳувияти миллиамон боз ҳам қавитар ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёгон бештар бархӯрдор гардад.
Сипас намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродзода Фурқат ба сухан баромада, табрикоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизбро ба иштирокчиёни чорабинӣ расониданд. Муродзода Фурқат қайд намуданд, ки ҷашни Сада низ ҳамчун як ҷашни таърихии ниёгони мо аз нав пурра эҳё гардида, ҳамасола боз ҳам дар сатҳи баланд дар сар то сари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Сада низ дар қатори ҷашнҳои қадима яке аз ҷашнҳои аҷдодони бузурги тоҷикон буда, аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат аст. Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадима бо ҳам алоқамандиии зич доранд. Ҷашни Сада ба ниёиши офтоб вобаста аст, ки аз аввали моҳ (аз шаби таваллуди Хуршед-шаби Ялдо, ки шаби дарозтарини сол буда, дар соати 12-и шаб Хуршед таваллуд мешавад), чиҳил рӯз фосила дорад. Ойину таомулҳои Сада аз ҷумлаи инсонҳоро ба амалҳои хубу писандида даъват намудан, ба ҳам сухани нек гуфтан, эҳтироми ҳамдигар, зиндагии осоишта намудан, амали хайр намудан, табиатро ҳифз намудан маҳсуб меёбанд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.
Чорабинӣ бо риояи рамзҳои ҷашни Сада барафрохтани оташ, намоиши гӯшаи деҳқон ва суруду рақсҳои ҷаззоби миллии тоҷикона ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини директор оид ба таълим, н.и.т. Мисралиев Ф. Д. қайд намуданд, ки роҳбарияти муассисаи таълимӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ ва илмӣ дар арафаи тамоми ҷашнҳои расмиву миллӣ пешсаф буда, ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таҷлили ботантанаи ҷашнҳои миллӣ саҳми назарраси хешро хоҳанд гузошт.
Ба чорабинӣ дастаи фарҳангии муассисаи таълимӣ бо сурудҳои ватандӯстонаву рақсҳои мавзун ҳусни дигар зам намуданд.