ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МУҲАНДИС” -И КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ДАВРИ УМУМИШАҲРӢ ДАР СОЛИ 2025

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ тавонист ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии худро дар тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ татбиқ намуда, миёни мардум мавқеъ ва нуфузи баландро касб намояд.
Дар самти ноил шудан ба муваффақияту музаффариятҳо ва дар амалигардонии Барнома ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ саҳми арзанда доранд.
Дар ин замина, қаблан бо мақсади муайян намудани беҳтаринҳо ва ҳавасманд намудани кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмунҳои “Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол”, “Ташкилоти ибтидоии фаъол”, “Вакили ташаббускор”, “Беҳтарин таблиғотчии ҳадафҳои барномавӣ” ва “Хабарнигори варзида” -ро ташкил ва баргузор намуд.
Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Муҳандис” дар назди Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар даври ноҳиявии озмун аз рӯи номинатсияи “Ташкилоти ибтидоии фаъол” сазовори ҷойи аввал гардида, ба даври шаҳрӣ рохҳат гирифта буд.
Санаи 30 январи соли 2026 маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, даври шаҳрии озмуни мазкур ҷамбаст ва ғолибон дар фазои тантанавӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.
Боиси сарфарозист, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис” дар назди Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, ки раисии онро директори муассиса муҳтарам Рабизода Наҷибулло ба уҳда доранд, ғолиби даври умумишаҳрӣ аз рӯи номинатсияи “Ташкилоти ибтидоии фаъол” бахшиба ба “Соли 2025 – соли тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ дар шаҳри Душанбе” гардида, бо Диплом, Ҷом ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардид.
Ин дастоварди назаррас натиҷаи заҳмати коллективи меҳнатии Коллеҷ буда, далели садоқатмандӣ ба арзишҳои миллӣ, сиёсати давлатдорӣ ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top