Зери ин унвон санаи 7 феврали соли 2026 дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ, мизи мудаввар бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020–2040)» таҳти унвони «Илмҳои дақиқ — пояи тафаккури солим ва ҷомеаи пешрафта» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар Ризои Баҳромзод, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови АМИТ, инчунин ҳайати роҳбарият, омӯзгорон ва кормандони илмии Коллеҷ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини директор оид ба таълим Мисралиев Фахриддин ифтитоҳ намуда, зимни сухани муқаддимавӣ аҳамияти рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро дар ташаккули тафаккури илмӣ, боло бурдани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир таъкид карданд.
Сипас, маърӯзачиён бо мавзӯъҳои зерин баромад намуданд:
Ризои Баҳромзод, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови АМИТ — «Истифодаи дастовардҳои бузургони тоҷик дар раванди таълими фанҳои дақиқ»;
Воҳидов Зеваршо, сардори шуъбаи илм ва инноватсия — «Нақши озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар рушди илмҳои дақиқ»;
Фаррухи Наби, мудири кафедраи экология ва фанҳои табиию риёзӣ — «Рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар замони муосир».
Зимни музокирот масъалаҳои татбиқи усулҳои муосири таълим, истифодаи мероси илмии донишмандони тоҷик, ҷалби ҷавонон ба тадқиқоти илмӣ ва тақвияти робитаи илму истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар фарҷом, иштирокчиён оид ба аҳамияти идомаи чунин чорабиниҳои илмӣ-таълимӣ, густариши ҳамкориҳои муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи омӯзиши фанҳои дақиқ ибрози андеша намуда, гузаронидани чунин чорабиниҳоро муфид арзёбӣ намуданд.