СЕМЕНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА РОҲҲОИ МУОСИРИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ДАР КОЛЛЕҶ

Санаи 17 феврали соли 2026 тибқи нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо ташаббуси кафедраи педагогикаи касбӣ ва забонҳо семинари омӯзишӣ ҷиҳати амалигардонии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳти унвони “The Ways of Learning English” баргузор гардид.
Семинарро сардори шуъбаи илм ва инноватсия Воҳидов Зеваршо Олимхонович ифтитоҳ намуда, дар сухани ифтитоҳии худ аҳаммияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисиро ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ таъкид карданд. Номбурда зикр намуданд, ки татбиқи самараноки Барномаи давлатӣ ба баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ва малакаҳои забондонии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Сипас, маърузачиён бо маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтаво баромад намуданд:
Саидова Малоҳат, омӯзгори кафедраи педагогикаи касбӣ ва забонҳо, дар мавзӯи “English is the Language of Communication”, Усмонова Мунаввара, омӯзгори кафедраи педагогикаи касбӣ ва забонҳо, дар мавзӯи “The Ways of Learning New Words”, Аминзода Иброҳим, донишҷӯи курси дуюми Коллеҷ, дар мавзӯи “The Ways of Learning English”, Исақова Муслима ва Исмонова Марям, донишҷӯёни курси якуми Коллеҷ, дар мавзӯи “To Know a Language Is to Know the World”.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои марбут ба усулҳои муосири омӯзиши забони англисӣ, роҳҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва рушди малакаҳои муоширатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар қисмати ҷамъбастӣ байни иштирокчиён музокира сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати боз ҳам такмили раванди таълим иброз гардиданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top