Санаи 21 феврали 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандсию омӯзгории шаҳри Душанбе” бахшида ба таҷлили таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият, кормандон ва донишҷӯёну хонандагони коллеҷ аз қисми ҳарбии 0119 Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Зимни вохӯрӣ муовини директор оид ба корҳои тарбияи коллеҷ Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна муҳофизони марзу буми Ватанро ба муносибати 33 – юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳамагон саломатии бенуқсон, дар адои хизмат ба Ватан иродаи қавӣ ва ҷасорату матонати бузургро таманно намуданд. Муаллима қайд намуданд, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ мақоми хоса дорад, ки ин ҳама аз амнияти миллӣ, зиндагии осоишта доштани мардуми он ва тараққӣ кардани тамоми соҳаҳои пешбарандаи давлат далолат медиҳад. Фаълияти босамар ва хизмати содиқонаи сарбозону афсарони кишвар заминагузори амнияти миллату давлат маҳсуб меёбад, аз ин рӯ мо сари таъзим фуруд меоварем пеши хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар роҳи пойдории сулҳу ваҳдати сартосарии Тоҷикистони азиз.
Зимни боздид донишҷӯёну хонандагон аз шароти хизмат дар қисми ҳарбӣ дидан намуда, дар қалби онҳо ҳисси ватандӯстӣ дучанд гардид. Роҳбарияти коллеҷ ба сарбозон туҳфаҳои моддии идона тақдим намуда, бо мақсади фароғату истироҳати онҳо барномаи фарҳангии саропо аз сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷаззоби тоҷиконаро, ки дастаи фарҳанигии “Ваҳдатсаро” – и коллеҷ омода карда буданд, пешниҳод намуданд. Сарбозону афсарон бо як руҳияи шодибахш барномаи фарҳангиро қабул намуданд. Дар қисмати ҷамъбастии вохӯрӣ муовини аввали командир – сардори ситоди қисми ҳарбии 0119 Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон майор Исматзода Файзали Зувайдулло ба сухан баромада, минатдории роҳбарияти қисми низомиро ба раёсати коллеҷ барои ин иқдоми наҷиб, ташаббуси созанда ва эҳтирому қадрдонӣ изҳор намуданд.