Санаи 21 феврали соли 2026 дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Артиши миллӣ кафили сулҳу субот», бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан арзёбӣ гардид.
Мизи мудаввар бо садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён оғоз гардида, ба чорабинӣ фазои тантанавӣ ва ифтихормандӣ аз сулҳу суботи дар Ватан пойдор ҳукмфармо ранги хоса бахшид. Ин лаҳзаи пурифтихор дар дили ҳозирин эҳсоси баланди ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва масъулият дар назди давлату миллатро тақвият намуд. Фазои тантанавӣ то анҷоми чорабинӣ идома ёфта, иштирокчиён бори дигар садоқати худро ба ҳифзи сулҳу субот ва эҳтиром ба Артиши миллӣ изҳор доштанд.
Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ Ҳусейнова Ш.З. оғоз намуда, аҳамияти таърихӣ ва сиёсиву иҷтимоии таъсиси Артиши миллиро таъкид кард. Таъсиси Артиши миллӣ дар солҳои душвор сурат гирифт, аммо бо талошҳои роҳбарияти кишвар ва иродаи қавии ҷавонони ватандӯст, имрӯз мо соҳиби артиши муосир ва қодир ба ҳифзи марзу буми кишвар ҳастем, қайд намуд муаллима.
Сипас, муовини директор оид ба таълим, номзади илмҳои техникӣ Мисралиев Фахриддин Денбегиевич бо сухани табрикотӣ баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки Артиши миллӣ ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ дар таъмини сулҳу субот ва ҳифзи марзу буми кишвар нақши калидӣ дорад.
Собирзода Т.М., ҳуқуқшиноми Коллеҷ баромад намуда, қайд кард, ки ин рӯз рамзи шуҷоат, ватандӯстӣ, фидокорӣ ва масъулияти баланди хизмат ба Ватан мебошад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият роҳи пуршарафро тай намуда, ба сипари боэътимоди давлат ва мардум табдил ёфтаанд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар як қатор маърӯзаҳои пурмуҳтаво шунида шуданд. Аз ҷумла, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Саидова Ҷамила Назирхуҷаевна дар мавзӯи «Таърихи таъсисёбӣ ва рушди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, марҳилаҳои ташаккул ва таҳкими Артиши миллиро мавриди таҳлил қарор дод. Азиззода Мадина Амирхон дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Артиши миллӣ рамзи қудрат ва сипари боэътимоди давлат» нақши стратегӣ ва мудофиавии Қувваҳои мусаллаҳро шарҳ дод.
Сафаралиева Олуфтамоҳ дар мавзӯи «Ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз меёбад» оид ба масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ ибрози андеша намуд.
Ҳамзамон як қатор донишҷӯёни коллеҷ низ бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад карданд, аз ҷумла, Исроилова Муниса дар мавзӯи «Артиши миллӣ яке аз пояҳои асосии давлат ва миллат», Холназарова Гулнора дар мавзӯи «Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат», Давлатова Соҳиба дар мавзӯи «23-феврал – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Юнусова Назира дар мавзӯи «Артиши миллӣ меҳвари кафолати амнияти ҷомеа» андешаҳои худро иброз намуда, нақши Артиши миллиро дар таъмини амнияти кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Дар қисмати музокира иштирокчиён оид ба масъалаҳои таҳкими ватандӯстӣ, масъулияти ҷавонон дар назди давлат ва зарурати эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ мубодилаи афкор намуданд. Таъкид гардид, ки сулҳу субот ва амнияти ҷомеа маҳз бо заҳмату ҷонфидоии афсарону сарбозони Ватан таъмин мегардад. Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти муассиса ба ҳамаи иштирокчиён барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон муҳим арзёбӣ кард.
Мизи мудаввар дар фазои эҳтиром, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз Артиши миллии кишвар баргузор гардида, барои иштирокчиён таъсири маънавӣ ва тарбиявии назаррас гузошт.