Санаи 23 феврали соли 2026 дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо тибқи нақша бо ташаббуси кафедраи экология ва фанҳои табиию риёзӣ мафҳили илмии донишҷӯён «Ҳамадон» аз фанни физика таҳти унвони «Физика ҳамчун калиди фаҳмиши олами табиӣ ва заминаи илмҳои табиатшиносӣ» баргузор гардид.
Маҳфили мазкур бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои коллеҷ ҷиҳати амалигардонии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020–2040) роҳандозӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи дониш, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди тафаккури таҳлилӣ миёни донишҷӯён равона карда шуд.
Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур дар доираи сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумат ва татбиқи иқдомҳои стратегӣ амалӣ мешавад ва ба рушди фанҳои дақиқ ҳамчун омили асосии пешрафти илм ва технология нигаронида шудааст.
Маҳфилро мудири кафедра Фаррухи Набӣ ифтитоҳ намуда, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои илмиро дар шароити рушди босуръати технология ва инноватсия таъкид кард. Сипас омӯзгори фанни физика Ҷумаев Э. И. зимни сухани муқаддимавӣ нақши физикаро ҳамчун заминаи асосии илмҳои табиатшиносӣ шарҳ дод.
Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯёни фаъол бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад намуданд, аз ҷумла:
Халимов Халимҷон — «Манзараи муосири илми табиии олам»
Якубзода Сумая Азимхон — «Манзараи механикии олам»
Собиров Парвиз Муродович — «Манзараи электромагнитии олам»
Маърӯзаҳо бо таҳлили илмӣ ва мисолҳои амалӣ пешниҳод гардида, мавриди баҳсу баррасии фаъол қарор гирифтанд.
Дар кори маҳфил муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ Ҳусейнова Шаҳло Зариповна, сардори шуъбаи илм ва инноватсия Воҳидов Зеваршо ва сармутахассиси шуъбаи таълим Бобошеров Давлатмурод иштирок намуда, зимни баромадҳои худ донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, рушди тафаккури мантиқӣ ва истифодаи самараноки дониш дар амал раҳнамоӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бахши саволу ҷавоб ва мубоҳисаи илмӣ баргузор гардид, ки сатҳи баланди омодагӣ ва шавқи иштирокчиёнро ба фаъолияти таҳқиқотӣ нишон дод.
Маҳфил дар фазои илмӣ ва созанда баргузор гардида, ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар самти рушди фанҳои дақиқ ва тақвияти фаъолияти илмии донишҷӯён мусоидат намуд.