Санаи 25 феврали соли 2026 ҷиҳати иҷрои банди 2-юми Созишномаи ҳамкорӣ байни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва Коллеҷи олии педагогӣ ва технологияҳои саноатии “Каспий”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ тариқи маҷозӣ дар конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ дар низоми маориф: имкониятҳо ва таҳдидҳои эҳтимолӣ» фаъолона иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии конференсия баррасии масъалаҳои мубрами татбиқи зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, муайян намудани имкониятҳои нави технологӣ дар соҳаи маориф, инчунин таҳлили таҳдидҳо ва хатарҳои эҳтимолии истифодаи он дар муҳити таълимӣ ба шумор мерафт.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия Ҳусейнова Шаҳло Зариповна — муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ бо маърӯза дар мавзӯи «Таҷриба ва дурнамои татбиқи зеҳни сунъӣ дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳамкории минтақавӣ» баромад намуданд. Дар маърӯза масъалаҳои таҷрибаи амалии истифодаи зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар, зарурати такмили заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, Раҳмонова Нилуфар, омӯзгори кафедраи педагогикаи касбӣ ва забонҳо, инчунин донишҷӯён Туев Абдушукур, Баротова Нушофарин, Давлатова Соҳиба ва Исматова Манижа дар бахшҳои алоҳидаи конференсия бо маърӯзаҳои илмӣ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар таълим, таъсири он ба сифати донишандӯзӣ, имкониятҳои платформаҳои рақамӣ, инчунин зарурати баланд бардоштани саводнокии рақамии омӯзгорону донишҷӯён андешаронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои густариши ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, таҳкими робитаҳои касбӣ ва боло бурдани нуфузи муассиса дар фазои байналмилалии таҳсилот мусоидат менамоянд. Иштироки фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯён дар конференсияи мазкур боз як далели рушди робитаҳои хориҷӣ ва татбиқи самараноки Созишномаи ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ маҳсуб меёбад.