Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 01 январи соли 2026, №951, инчунин тибқи дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе аз 16 то 21 феврали соли 2026 давраи аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи маърифати китобдӯстӣ, рушди тафаккури илмӣ, густариши ҷаҳонбинии фарҳангӣ ва ташаккули завқи мутолиа миёни омӯзгорону донишҷӯён роҳандозӣ гардида, ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши адабиёти илмӣ ва бадеӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Чорабиниро муовини директор оид ба таълим Мисралиев Фахриддин ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ аҳамияти китобро ҳамчун сарчашмаи асосии маърифат ва василаи муҳими ташаккули шахсияти комил таъкид кард. Зикр гардид, ки ин озмун яке аз ташаббусҳои муҳимми фарҳангпарваронаи давлат буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва боло бурдани сатҳи дониш нақши муассир дорад.
Муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ Ҳусейнова Шаҳло Зариповна иштирокчиёнро бо Низомномаи озмун ва ҳайати комиссия шинос намуда, ба довталабон барору комёбӣ орзу кард. Ҳамзамон таъкид гардид, ки баҳогузорӣ бо риояи принсипҳои адолат ва шаффофият сурат мегирад.
Дар давраи аввали озмун аз рӯи чор номинатсия дар маҷмӯъ 345 нафар омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон иштирок намуда, донишу малака, маҳорати суханварӣ ва қобилияти таҳлилии худро пешниҳоди аъзои ҳакамон намуданд.
Озмун дар фазои тантанавӣ ва созанда баргузор гардида, аз ҷониби иштирокчиён бо рӯҳияи баланд истиқбол гирифта шуд.