Санаи 06.05.2023 дар толори фарҳангии муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонони Коллеҷ вохӯрии судманд ташкил ва баргузор карда шуд. Дар вохӯрӣ Ҳамрози Ҳамза-муовини Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раҳмонов Расул-мутахассиси раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе, Обидов Манучеҳр-сармутахассиси бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни Коллеҷ иштирок намуданд. Вохӯриро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷ Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна оғоз намуда, қайд карданд, ки дар баробари Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе ва бахши кор бо ҷавнони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар муассисаи таълимӣ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2023 дар муассиси таълимӣ Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шудаааст ва раванди иҷроиши онҳо зери назорати ҷиддии роҳбарияти Коллеҷ қарор дорад. Дар баромадашон муаллима қайд намуданд, боиси ифтихор аст, ки як нафар донишҷӯписар Мирзоев Бобоносир гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як нафар донишҷӯдухтар Алиева Фараҳнуш гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошанд. Донишҷӯёни Коллеҷ дар тамоми чорабиниҳо ва озмунҳои дохилӣ ва беруна фаъолона иштирок намуда, сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллатро ҳамеша пайравӣ менамоянд.
    Ҳамрози Ҳамза-муовини Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба сухан бармада ҳадафи асосии баргузории ин вохӯриро дар таҳким бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, ҳушёрии зиракӣ, пайравӣ намудан ба сиёсати Ҳукумату давлат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ арзёбӣ намуданд. Мавсуф қайд намуданд, ки пешбурди кору афкори ҷавонон дар мадди аввали сиёсати Ҳукумату давлат қарор дорад ва эшонро мебояд аз тамоми имкониятҳое, ки барои пешбурди фаъолияти онҳо фароҳам оварда шудааст, самаранок истифода баранд. Дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат аз 23.12.2023 нисбат ба ҷавонон қайд намуданд, ки “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад”. Ҷавоноро мебояд аз илмҳои замона бархурдор бошанд, тамрини бадан намоянд, ихтироъкор ва парчамбардори давлату миллати азизи хеш бошанд. Замони таҳаввулотҳои куллӣ дар афкори ҷомеа, айёме, ки фазои иттилоотӣ басо фарох аст, барои инсон, бахусус насли ҷавон дарки самти муайян ва манфиатовари мушаххассозии мавқеи ҷамъиятӣ мушкилотро ба миён меорад. Зеро даврони ҷавонӣ овони муайянсозии мавқеъ дар ҷомеа арзёбӣ мешавад. Бо дарназардошти он, ки қариб ҳафтод фисади сокинони кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳад. Маҳз рушди маънавию ахлоқӣ ва ватанпарастии насли ҷавон омили калидии рушди минбаъдаи давлат, таъмини ягонагии маънавии сокинон ва рушди сиёсию иқтисодии он буда метавонад. Арзиши воқеии ватандӯстӣ, садоқат, пос доштани марзу буми ватан, ғурури миллӣ ҳамчун омили ҳамбастагии рағбатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъиятӣ, одатан ҳангоми ҳолатҳои мушкил дар ҳаёти ҷомеа, ҳангоми таҳдиди хатарҳои сиёсӣ, табиӣ ва ғайра бештар дарк ва эҳсос мегардад. Ҳол он ки меҳри Ватан ва ифтихор аз миллату фарҳанг ва ҳифзи сарзамини хеш омили асосии пешгирикунандаи чунин хатарҳо, бахусус, хатарҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Муносибат нисбат ба ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳамчун арзиши олӣ, ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолати ногувори ҳаёти ҷамъиятӣ бояд аҳамияти худро гум накунад ва баръакс, шахсият, ҷамъият ва давлатро ҷиҳати бартараф намудани ҳамагуна мушкилоту санҷишҳои таърих раҳнамун созад. Маҳз муҳити созгори тарғиби арзишҳои ватанпарастӣ метавонад кулли шаҳрвандонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва машғул шудан ба меҳнати барои ҷомеа манфиатбахш раҳнамун созад. Пешвои миллат дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 декабри соли 2021) бо такя ба ин нерӯи созандаву бунёдкор, яъне ҷавонон иброз доштанд, ки «Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд». Ғояҳои зӯроварӣ, қатлу ғорат, фиребу бӯҳтон, коштани тухми нобоварӣ, тафриқаандозӣ ва амсоли инҳо миёни мардуми шарифу саодатпешаи тоҷик дар ҳеҷ як давру замон роҳ намеёфт ва имрӯз низ мо ҳамчун сипар пеши роҳи паҳншавии ин ғояҳоро бояд бигирем ва барои наслҳои оянда давлати ободу пешрафта мерос гузорем. Рӯ овардан ба хештаншиносӣ ва ватанпарастӣ ҳамчун арзиши олӣ, ки аҳамияти худро дар ҳеҷ як давру замон ва ҳатто дар ҳолатҳои ниҳоят душвору пурталотум гум накардааст, дар бартараф сохтани ҳама гуна имтиҳонҳои мушкили таърих, ки ба сари инсоният омадааст шароити созгор фароҳам месозад.
    Ҳамгироии насли ҷавон бо андешаҳои ватанпарастӣ, ки аз ниёгони баору номусамон мерос мондааст, аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳимтарини рӯз маҳсуб меёбад. Бо дар назардошти ин, ҷомеаи имрӯзаи тоҷикистониро зарур аст, то ки муҳити солим ва дастраси тарғиби арзишҳои ватанпарастиро миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа фароҳам созад. Тарбияи арзишҳои дӯст доштани ватанро дар ниҳоди шахс аз ҳанӯз аз овони тифлӣ дар муҳити оила шурӯъ намудан зарур аст Ватанпарастӣ ҳамчун муносибати бунёдӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва субъективии таносуби манфиатҳои шахсият, гурӯҳ, ҷамъият ва давлат нисбати шароитҳои ҳастии худ буда, дар мавриди таъмини суботу оромӣ ва бехатарӣ масъулияти якҷояро талаб менамояд. Аз ин ҷост, ки бетарафӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли ҷавон ин бетарафӣ нисбат ба амну субот ва бехатарии ҷомеа мебошад. Дар солҳои охир чандин далелҳои зиёди беаҳамиятии оила ва ҷомеа нисбат ба ҷавонон ошкор гардид. Ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро шомил гардидани бархе аз ҷавонони гумроҳ гувоҳи бетарафии оила ва муҳити тарбия нисбат ба онҳо мебошад. Зеро, ин ҷавонони гумроҳ пас аз дарки воқеияти ҳаракатҳои ифротгароёна ва характери зӯроварию қатлу ғорат доштани амалҳои гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро ба худ омада, аз кардаи худ пушаймон мешаванд. Барои таҳким бахшидан ба арзишҳои ватанпарастӣ дар ниҳоди ҷавонони имрӯз кулли ҷомеа масъул аст, зеро ки дар баробари ҷавонон қишрҳои дигари ҷомеа, ки таҷрибаи бойи зиндагӣ доранд аз арзишҳои волои ахлоқу тарбия ва хештаншиносӣ ба хубӣ огоҳанд.
      Дар фарҷоми вохӯрӣ бо мақсади эҳтиром ва ҳавасмандгардонӣ ба як қатор кормандони фаъоли муассисаи таълимӣ Гулова Шаҳло Мираҳмадовна Мудири бахши робитаҳои хориҷӣ, Абдурозиқов Бобоҷон мутахасситси шуъбаи кадрҳо, Латифов Самандар сардори маркази бақайдгирӣ машварити ва тестӣ ва Розиқов Муҳиддин омӯзгори Коллеҷ бо “Сипоснома”-и Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

Leave a Comment